Маршрутное такси, архивное фото

Ҳаким Усомоналиев дар Русия дар рӯзҳои ҷумъа мусофиронро ройгон мекашонад

284
Як ронандаи мусалмон аз Магнитогорск сокинонро бо накӯкориаш ба ҳайрат гузоштааст, ӯ рӯзҳои ҷумъа сокинонро ройгон ба манзил мерасонад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар Магнитогорск ронандаи микроавтобус Ҳаким Усмоналиев, як рӯзи ҳафта мусофиронро ройгон то манзил мерасонад.

Дар ин бора як сокини шаҳр Алия Сафиуллина дар шабакаи иҷтимоии Вконтакте нақл кардааст. Ба гуфтаи зан, рӯзе ӯ ба ронанда пул дароз кард, аммо мард нагирифт.

"Субҳ то ҷойи кор ронандаи микроавтобуси 39 ройгон расонид. Ронанада гуфт, ки имрӯз - Рӯзи накӯкорист, ин кораш хело писанд омад", - навиштааст зан.

Тавре маълум гардид, мард дар рӯзҳои истироҳатиаш, рӯзи ҷумъа, ки дар ислом рӯзи муборак ба ҳисоб меравад, мусофиронро ройгон, аз барои розигии Худо то ҷийи лозима мерасонад.

Корбарон, сокинони шаҳр аз ин иқдоми мард шигифтзада шудаанд. Бештари онҳо навиштаанд, ки ин амали мардро намефаҳманд, ки ба кадом хотир аст. Аммо бархе аз онҳо гуфтаанд, ки Ҳаким Усмоналиев дар рӯзи ҷумъа, ки барои мусалмонон рӯзи нек ба ҳисоб меравад, ба мардум ройгон хизмат мерасонад ва ҳоло дар ҷомеа чунин одамон ангуштшуморанд. Зери акси ронандаи накӯкор ҳазорҳо раҳматнома навишта шудааст.

284