Амали террористии маргбор дар Эрон

217
Дар ҷануби шарқи Эрон ба автобуси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ автомошинае бар хӯрдааст, ки ронандааш террористи маргталаб будааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар натиҷаи амали террористӣ дар Эрон зиёда аз 20 нафар ҷон бохта 20 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Press TV.

Ин ҳодиса дар ҷануби шарқии кишвар бегоҳи чоршанбе рӯх додааст.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, автобус бо Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ аз шаҳри Зоҳидон ба самти музофоти Систон ҳаракат мекардааст. Дар роҳ ба автобус дигар автомашина, ки ронандааш террористи маргталаб будааст бар хӯрдааст.

Дар натиҷаи бархӯрди автомашинаҳо таркиш ба амал омада, зиёда аз 20 нафар ба ҳалокат расида ҳамин миқдори дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин амалро гуруҳи тундрави “Ҷайш-ал-Адл” ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

217
Барчаспҳо:
ҷароҳат, маргталаб, террорист, Эрон