Ҷанҷоли калони гурӯҳӣ ва тирпарронӣ дар Маскав

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПолицейский рейд в ТЦ "Москва"
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷанҷол дар ҷануби шарқи Маскав ҳудудан аз 70 то 100 нафар иштирок доштанд, хабар медиҳанд шоҳидон

ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Дар ҷанубу шарқи Маскав ҷанҷоли калони гурӯҳӣ ва тирпарронӣ сар зад, ки ҳудудан 100 нафар иштирок доштанд. Дар ин бора телевизиони РЕН ТВ хабар додааст.

Тавре қайд карда мешавад, ҷанҷол дар ресторани "Неолит" сар шуд, ки ба он гурӯҳи мардон зада даромаданд. Онҳо мизоҷони қаҳвахонаро пеш кардаанд.

Дертар дар қаҳвахона тирпарронӣ сар шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҷанҷол аз 70 то 100 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷа наздики 10 нафар маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин қаҳвахона чунин ҷанҷол пештар низ чанд маротиба рух дода буд.

Ба гутфаи кормандони қаҳвахона, ҷинояткорон мехостанд ба соҳиби ресторан ҳамла кунанд.

Бино бар иттилои ВУД, дар пайи ҳодиса 10 нафар боздошт шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0