"Иттиҳоди мо зидди касе нест": сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот мекунанд

© © Болат ШайхиновВстреча глав государств ЦА, в Астане
Встреча глав государств ЦА, в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, наздикшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ зидди манфиатҳои касе равона нашудааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Мулоқоти машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иттилоъ додааст вазири корҳои хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Президент Исламской Республики Иран Хасан Роухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: ҷойгиршавии ДОИШ дар Афғонистон авзои Осиёи Миёнаро ноором мекунад

Аввалин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остона баргузор гардида буд.

“Дар моҳи апрел мулоқоти дуюм дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад”, – гуфтааст Комилов ҳангоми ифтитоҳи конфронсии байналмилалии “Равобити мутақобила дар Осиёи Миёна: талабот ва имконоти нав”.

Ташкилкунандагони ин конфронс Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ва маркази минтақавии СММ оид ба тадбирҳои дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Комилов қайд кардааст, ки “ҷараёни баҳамоии кишварҳои Осиёи Миёна ба муқобили манфиатҳои касе равона нашудааст”.  Ба ақидаи ӯ, сармоягузорҳо дар ҳамкориҳои минтақавӣ метавонанд Осиёи Миёнаро ба минтақаи рушдкунанда ва шарики боэътимод табдил диҳанд.  

Ба маълумоти ташкилкунандагон,  дар конфронс 130 коршиноси хориҷӣ аз 36 кишвар ва 9 ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла намояндаи махсуси Аврупо оид ба Осиёи Миёна Питер Буриан, ноиби мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии савдо, Алан Вулф ва дигарон иштирок доранд.

Дар рафти конфронс коршиносон вобаста ба амнияти минтақаи Осиёи Миёна, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, гуманитарӣ, об ва экология изҳори ақида мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0