Суҳбати Шоҳзодаи мардумии Кветта аз дард ва ормонҳои тоҷикони Балуҷистон

© из личного архива Шохзода Мухиддин Шохзода Мухиддин Точик, член правление Объединение молодых таджиков Пакистана
Шохзода Мухиддин Точик, член правление Объединение молодых таджиков Пакистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ман бо Покистон – ватани худ фахр мекунам ва дар миёни дигар ақвом фахр аз ин ҳам мекунем, ки як кишваре марбути қавми мо ҳаст ва номи он Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Навори суханрониҳои самимиву оташин ва башардӯстонаи ин ҷавони тоҷики покистонӣ ҳарчанд бо сабти бесифати телефонҳои дастӣ дар Фейсбук нашр мешаванд, истифодабарандагони зиёдеро дар Афғонистону Тоҷикистон ба ваҷд меорад ва ба таври густарда, ҳамагӣ онро ба ҳам мебинанд. Ӯ хеле ба сароҳат мегӯяд, ки ҳар куҷо тоҷике ҳаст, бояд ба тоҷики дигар кӯмаки худро расонад, аммо ин ҳарфҳо бӯи миллатгароӣ надоранд.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикон - дувумин мардуми дарозумри Осиёи Миёна будаанд

“Ин ҷавон кист?”

Ин суол моро ба ҷустуҷӯи ӯ бурд ва ба шарофати “Ҷаноби Интернет” ба осонӣ ӯро пайдо кардем. Аммо ба зудӣ муяссар нашудем, ки ризоияташро барои мусоҳиба ба даст орем. Ӯ замоне розӣ шуд, ки тавофуқ кардем, дар бораи сиёсат сӯҳбат нахоҳем кард.

Номи ӯ Ғулом Муҳиддин Тоҷик аст, аммо миёни мардум ба лақаби “Шоҳзода Муҳиддин” маъруф шудааст.  Сокини 30 – солаи шаҳри Кветта, маркази музофоти Балуҷистони Покистон. Маълумоташ миёна аст. Вазъи иқтисодиаш имкон надод, ки дар ягон донишгоҳи олӣ таҳсил кунад ва соҳиби унвоне шавад. Ҳоло маъмури оддии пулиси ҳифозати ҷангали музофоти Балуҷистон аст. Ҳамзамон раҳбари раёсати кӯмакҳои Танзими қавми тоҷики Покистон ва ноиб-райиси Ҷабҳаи ҷавонони тоҷики Покистон аст.

Занятия по китайскому языку - Sputnik Тоҷикистон
Чин гуфт таваҷҷуҳи тоҷикон ба забони чинӣ ба маротиб зиёд шудааст

Лақаби “Шоҳзода” – ро барои хизматҳояш ҳамқавмонаш додаанд ва ӯро ба ҳамин ёд мекунанд. Ин танҳо унвонест, ки то ҳол дар зиндагӣ соҳиб шудааст. Нахуст Шоҳзода Муҳиддинро аз гузаштаҳояш  пурсидем:

- Бобоёни ман ҳудуди 120 сол пеш аз Ғазнии Афғонистон ба Балуҷистон, ки он замони таҳти султаи Ҳинд ва Ҳинд таҳти ҳукмравоии Бритониё буд, кӯч карда буданд. Мегӯянд, бобоям Султон Муҳаммад вазири молияи Амир Абдураҳмонхон (1880 – 1901) буд. Баъдтар ба ин далел, ки тоҷик аст, ӯро ба фасод муттаҳам ва ба ҳукми қатл маҳкум мекунанд. Мо дар Ғазнӣ соҳиби замину молу мулки зиёд будем. Мардум ба писари Султон Муҳаммад, бобокалони мо маслиҳат медиҳанд, ки фирор кунад. Ӯ аҳли оилаашро гирифта, аввал ба Пешовар ва аз он ҷо ба Кветта кӯч меояд. Бобои бузурги ман дар зилзилаи Кветта, 31 майи соли 1935 ҳалок шудааст.  (ин заминларза 20 000 кушта ба ҷой гузошт. Ҳудуди 10 000, ба шумули 4 ҳазор захмӣ зинда монданд – м.) Мо боқимондаҳои ӯем.

Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана Имомуддин Мирзоевич Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Сатторов: русҳоро бояд бо фарҳанги тоҷикон бештар ошно кард

Тоҷикон дар Балуҷистон бумӣ ҳастанд ё омад?

Ҳоло нақшае дар манзили яке аз хонҳои Хонигарии Қалот (1666 – 1955) мавҷуд аст, ки дар қатори дигар ақвом номи тоҷик низ зикр шудааст. Ин ба он маъност, ки тоҷикон аз қадим дар ин сарзамин зиндагӣ мекарданд. Аммо тӯли таърих тоҷикони зиёде аз Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар қисматҳои Покистон ба ин ҷо кӯч кардаанд. 50 соли ахир ба иллати ноамниҳое, ки дар Афғонистон рух доданд, тоҷикони зиёде аз ин кишвар низ дар Балуҷистон паноҳ бурдаанд.

Тоҷикони Балуҷистон асосан чӣ шуғл доранд?

Тоҷикони омад, асосан аз Афғонистон, бо корти муҳоҷирӣ зиндагӣ доранд. Дар дӯкон сабзиву мева мефурӯшанд, ошпазиву мардикорӣ мекунанд. Миёни онҳо муҳандису доктор ва унвонҷӯёни илм ҳастанд, аммо асосан ба корҳои вазнин машғуланд.

Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Узбекистан Шавкатом Мирзиёевым - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон хостори шароити мусоид барои диаспораи тоҷикон дар Узбакистон шуд

Шуғли тоҷикони бумӣ асосан кишоварзист, аммо дар артишу пулис низ зиёданд. Пизишку устодони донишгоҳҳо низ бисёранд. Миёни онҳое, ки ба давлат кор намекунанд, тоҷирони сатҳи баланд низ ҳастанд. Ширкату корхонаҳои биринҷу қолин, дӯкону супермаркетҳо низ доранд.

Дар омори расмии Покистони имрӯз қавме ба номи “тоҷик” зикр нашудааст. Тоҷикони Балуҷистон чӣ тавр ҳузур доранд?

Мутаассифона, аксари тоҷикон дар аксариятҳои қавмӣ ҳазм шудаанд. Масалан, як теъдоди бузурги тоҷикон дар Қалот, Стунг ва Хусдор зиндагӣ мекунанд, ки мегӯянд, мо тоҷик ҳастем, аммо ба балуҷӣ ҳарф мезананд. Ҷамоати тоҷикони Лурилойӣ ва Хонузай низ худро тоҷик меноманд, аммо ба пашту сӯҳбат мекунанд. Иддаи каме форсӣ баладанд.

Ва дар шиносномаашон “тоҷик” зикр мешаванд?

Иддаи хеле каме аз онҳо. Аксарият ҳанӯз дар замоне, ки Покистон нав ҳамчун давлат зуҳур кард (1947), худро балуҷу паштун сабт кардаанд.

Дети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хостгорӣ, “ҷум ҷаҳе”, қафассозӣ, килоғузғуз, салла: 529 пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО

Хонаводаи Шумо чӣ?

Мо як қавми ғайратманд ҳастем. Дар ҳама аснодамон тоҷик ҳастем. Баъзан мепурсанд, ки хуб, тоҷик ҳастӣ, аммо забонат чист? Мегӯям, форсист. Аммо медонам онҳоеро ҳам, ки ба хотири шиноснома қавмҳои худро бадал кардаанд. Ин ки чаро мо дар омори Покистон нестем, воқеан, як бадбахтӣ аст. Шояд ба он хотир аст, ки мо ягон нухба надоштем, як вазири намояндаи мардумӣ ё калони дигаре дар давлат надоштем.

Чаро? Мегӯянд, ки ин қабил мансабдорон зиёд буданд. Масалан, то Имрон Хон, сарвазири имрӯза, сарпарастии ҳукумати Покистонро Насирулмулк бар ӯҳда дошт, ки тоҷик буд. Ҳатто дар Норвегия Ҳадия Тоҷик, вазири фарҳанг ва як номи маъруф аст.

Бубинед, ӯ тоҷик бошад, аммо худро тоҷик нагирад, ман ӯро чӣ кунам? Ҳамсари як сарвазири мо тоҷик буд, аммо тоҷикӣ сӯҳбат намекард, балки худро паштун мегуфт.  Ман ин тур тоҷикро чӣ кунам?

Қиссаи Ҳадия Тоҷик ҷудост. Ӯ аз тоҷикони Кветта аст ва дар Норвегия зиндагӣ мекунад. Аммо ин ҷо хонаводаи маъруф дорад, ки ба тиҷорати тилло машғуланд. Амакаш Асғар Тоҷик як тоҷири сатҳи баланд аст ва як ширкат ҳам ба номи “Asghar Jewellers” (Ҷавоҳироти Асғар) – ро мечархонад. Онҳо ба сохтмон низ машғуланд, Замин харида, дар минтақаи Чаман маҳаллае ба номи “Тоҷикобод” бунёд кардаанд. Аз ин “Тоҷикобод” дар Кветта се адад аст!

ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Дидори намояндагони ЮНЕСКО аз нӯҳ ёдгории таърихии вилояти Суғд

Пас чӣ мушкил аст, ки тоҷикон дар омори Покистон, ё ҳатто Балуҷистон нестанд? Ин ягон сиёсат аст, ё чӣ?

На, дар Покистон ё ҳамин Балуҷистони мо қавмгароӣ аслан матраҳ нест. Дар гузашта худи мардум ба ин андеша, ки зуд шиноснома ба даст оваранд, аз сари худ ин корро карда буданд. Он замон барои шаҳрванди Покистон шудан бояд собит мекардед, ки воқеан аз ин кишвар ҳастед ва сари тоҷикону дигар қавмиятҳои хурд шак вуҷуд дошт. Вақти зиёд ҳам мегирифт. Тоҷикони Балуҷистон миёни ақвоми дигар эҳтироми зиёд доранд. Масалан, мо се сардори бузург дорем дар Балуҷистон – Муҳаммад Аслам Хон Райсонӣ (собиқ сарвазири Балуҷистон), Ёрмуҳаммади Ринд (раҳбари “Таҳрики инсоф” (ҳизби Имрон Хон, сарвазири кунунии Покистон) дар Балуҷистон), Шоҳзайн Бугтӣ (узви Маҷлиси миллии Покистон). Инҳо ба мо – тоҷикон хеле эҳтироми зиёд доранд ва аз мо пуштибонӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки тоҷикон таърих доранд, як таърихи бою ғании 6 ҳазорсола ва бузургони зиёд, ки ҷаҳон онҳоро мешиносад.

Танзими қавми тоҷики Покистон (Tajik Qawmi Movment of Pakistan) ва Ҷабҳаи ҷавонони тоҷики Покистон (Tajik Youth Force of Pakistan) чӣ созмонанд?

Танзими қавми тоҷики Покистон 1 январи соли 2000 аз сӯи Сардор Мунир Аҳмад Тоҷик таъсис ёфтааст ва сирф дар Балуҷистон кор мекунад. Расман сабти ном шудааст, дар Ҷинно Роуд дафтари марказӣ ва ҳудуди 5 ҳазор узв дорад. Садраш Мир Қурбон Тоҷик, аз тоҷикони Деҳвор ва сокини Мастунг аст. Худ ба балуҷӣ ҳарф мезанад, аммо пеши мо иззату эҳтироми зиёд дорад. Ҷабҳаи ҷавонони тоҷики Покистон созмони ҷавонони танзим аст, ки Малик Ҳорун Хон Тоҷик раҳбараш аст, ки ба хонаву кӯча форсӣ сӯҳбат мекунад. Як созмони дигари тоҷикон дар Кветта бо номи Иттиҳоди тоҷикони Покистон ҳаст, ки марбути мо нест. Раҳбараш як чеҳраи маъруфи журналистикаи мо - Малик Муҳаммад Афзал Тоҷик аст, ки гурӯҳи рӯзномаҳои тоҷикӣ - “Ал-Кабир”, “Иттиҳод”, “Анҷум” ва “Тоҷик” мутааллиқи он кас аст.

Раскопки на месте древнего города Саразма  - Sputnik Тоҷикистон
Омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм: раиси Суғд санги асоси осорхонаро гузошт

Сардор Мунир Аҳмад Тоҷик кист?

Он кас зодаи Кветта, набераи Сардор Малик Кабир Тоҷик ва писари Сардор Хайрмуҳаммад Тоҷик, хонадони қадимии тоҷикон ва аз тоҷирони маъруфи Балуҷистон ҳастанд. Маҳз ин хонадон қавми тоҷикро дар Балуҷистон расман тасбит кардааст. Сардор Мунир хатмкардаи донишгоҳе дар Амрикост ва пас аз маризии падар сардори қавми тоҷик ба ҳисоб меравад. Як тиҷорати бузургеро дар Покистон роҳбарӣ мекунанд.

Ҳадафи созмон чист?

Мо сирфан ду ҳадаф дорем. Аввал, кӯмак ба тоҷикон. Агар пул надоранд, пул медиҳем. Агар мариз бошанду дар мондаанд, хароҷоти тадовиашонро ба ӯҳда мегирем. Маблағи таҳсили онҳоеро, ки хеле ғарибу фақир ҳастанд, дар мактабу курсҳои омӯзиши англис пардохт мекунем. Таълим барои ин нест, ки аз кас афсар ё ягон корманди ҳукумат ҷӯр шавад, балки ба ӯ роҳ нишон диҳад, рафтору гуфторашро дуруст кунад.

Дуюм. Балуҷистон як вилояти қабоилист, ақвоми мухталиф дорад. Ҳадафи мо ин аст, ки ному иззати тоҷикро баланд бардорем, бигзор дигарон низ фаҳманд, ки ин ҷо як қавме ба номи тоҷик низ зиндагӣ мекунад. Ин муқобила аст, аммо на ба туфанг, балки ба қалам ва фарҳанг. Тоҷикон бо он вуҷуд, ки тоҷиканд, ҳам дар кӯча ва ҳам дар хона ба пашту, балуҷӣ, урду, синдиву панҷобӣ ҳарф мезананд. Аз ин хотир, мо бо ин чолишҳои ҳуввиятии худ муқобала мекунем.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист

Ба ҳар танзим хуб мардум ҳам мебошад, ғалат мардум ҳам. Худоро шукр, дар танзими мо ҳамагӣ муттаҳид ҳастем ва якдигарро эҳтиром мекунем. Дар миёни мо ин гап нест, ки ин тоҷик аз Афғонистон аст, он дигар аз Покистон. Ҳар тоҷик аз ҳар куҷое нест, ӯ хуни мост, ҷигари мост, нури чашми мост. Барои ӯ мо ҳозирем, ҳар корро анҷом диҳем. Мо ӯро иззат мекунем, ба он хотири ки ӯ қавми мост.

Ҳазинаи ин ҳамаро аз куҷо пайдо мекунед?

Ҳама аз ҳисоби хайрия аст. Алҳамдуллилоҳ, афроди сарватманду саховатманди зиёде дорем.

Чанд сол ба ин сӯ тоҷикони Свот дар музофоти Хайбар Пахтунхвоҳ низ аз худ дарак ва созмонеро ҳам ба номи Иттиҳоди тоҷикони Покистон (Tajik Ittihad Pakistan) таъсис доданд. Шумо бо онҳо тамос доред?

Балуҷистон аз Хайбар Пахтунхвоҳ дур аст, аммо мо робита дорем. Сирфан телефонӣ ва дар сатҳи “ҳеллову ҳай”. Ҳеҷ яке аз мо аз дигарӣ кӯмак намехоҳад. Бачаҳои Свот як мушкил доранд. Мо ба номи худ “Тоҷик” зам мекунем, онҳо Свотӣ. Мо ба ин комилан мухолифем. Свот танҳо як дара ё водии тоҷикнишин аст.

Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷои тааҷҷуб нест”: раиси Суди олӣ гуфт, туҳфаҳои қимат дар пойгаю бузкашӣ пешниҳоди ӯ буд

Шумо мегӯед, ки маълумоти олӣ надоред, як маъмури оддии давлат ҳастед. Аз ин фаъолиятҳо чӣ таваққӯъ доред?

Ман хизматгори қавми худ ҳастам, ман барои пул ё як сиёсатмадор шудан кор намекунам. Ин тур шуда, ки соатҳои 2-ву 3-и шаб телефон омада, ки касе ба мушкиле дучор омадааст, бояд кӯмак кунем. Барои қавми худам хизмат мекунам. Мо мехоҳем қавми мо сарбаланд бошад, умедворем, ки иззаташро худи Аллоҳ Таоло мудирият мекунад. Ман бо Покистон – ватани худ фахр мекунам ва дар миёни дигар ақвом фахр аз ин ҳам мекунем, ки як кишваре марбути қавми мо ҳаст ва номи он Тоҷикистон. Худо миллати моро сарбаланд нигоҳ дорад.

Лентаи хабарҳо
0