Саҳнаи ба дасти покистониҳо афтидани халабони ҳиндӣ

Саҳнаи ба дасти покистониҳо афтодани халабони Ҳинд - видео

208
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он гӯиё ба дасти артиши Покистон афтидани халабони ҳиндӣ ва ҳимояи ӯ аз мардуми хашмгин сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бар асоси ин навор, артиши Покистон дар қисмати зери назоратдоштааш дар Ҷаму ва Кашмир халабони ҳиндро, ки ҳавопаймояш зада шуд, дастгир кардааст.

Дар навор низомиёни Покистон халабони дастгиршударо иҳота карда, аз ҳамлаи мардум ҳифз мекунанд.

“Касе набояд осеб расонад, касе набояд кушад”, - таъкид мекунад яке аз сарбозон дар хитоб ба атрофиён, ки бо зӯроварӣ сӯи халабон садо баланд мекарданд.

Ахиран расонаҳо иттилоъ доданд, ки ҳавопаймоҳои Ҳинд минтақаи таҳти назорати нерӯҳои Покистонро бомбборон кардаанд. Ин иқдоми низомиёни Ҳинд баъди он рух дод, ки қаблан дар пайи як ҳамла дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон 45 корманди мақомоти қудратӣ кушта ва даҳҳои дигар захмӣ шуданд.

208