Олмон шаҳрвандони узви гурӯҳҳои террористиро аз мақоми шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

123
Давлати Олмон бо ислоҳи қонуне қасд дорад, аз шаҳрвандон ин кишвар, ки ба узвияти гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав дар хориҷ пайвастаанд, аз мақоми шаҳрвандӣ маҳрум кунад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй",Стефан Зайберт, сухангӯи давлати Олмон шаби душанбе бо таъйиди талоши Берлин барои тасвиби қонуни аз шаҳрванди маҳрум кардани он шаҳрвандони Олмон, ки ба гурӯҳҳои террористи пайвастаанд, гуфт, ин мавзӯъ маворидеро шомил мешавад, ки шаҳрвандони Олмон барои набард ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ пайвастаанд.

Бар асоси иттилооти мавҷуд, ҳудуди 40 олмонии узви гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия дар зиндони шибҳинизомиёни курди сурӣ маҳбус ҳастанд.

Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон пештар гуфта буд: “Таҳвил гирифтани садҳо террористи аврупоӣ ва олмонӣ масъалаи сахте барои мо хоҳад буд”.

Як ҳазору 50 шаҳрванди Олмон аз соли 2013 ба Сурия ва Ироқ рафтанд ва ба узвияти гурӯҳҳои террористӣ даромаданд, ки ҳудуди 200 тан аз онҳо дар ҷанг кушта шуданд ва ҳудуди 300 нафар низ дар ҳоли бозгашт ба Олмон ҳастанд.

Давлатҳои аврупоӣ акнун бо муъзали амниятии бозгашти террористҳои аврупоӣ ба меҳани худ мувоҷеҳ шудаанд.

123