Назарбоев сабаби аз вазифа рафтанашро гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиаташ сабаби чунин қарори қабул кардаашро ба мардум шарҳ дода, аз хислатҳои иҷрокунандаи вазифаи Президенти кишвар - Тоқаевро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қароре қабул кард, ки мувофиқи он вай бо хоҳиши худ курсиашро холӣ мекунад.

Обращение Главы государства Нурсултана Назарбаева к народу Казахстана - видео - Sputnik Тоҷикистон
"Ман қарори ғайриоддӣ қабул кардам": муроҷиати Назарбоев ба халқ-видео

Ӯ дар муроҷиатномаи худ ба мардум чунин қайд кард:

“Имрӯз ман ба шумо муроҷиати "махсус" мекунам чигунае, ки ҳамеша дар соатҳои муҳими таърихи кишварамон ин корро мекардам. Ман қароре қабул кардам, ки бароям оддӣ нест – вазифаи Президенти Қазоқистонро тарк мекунам. Имсол 30 сол пур мешавад, ки ман дар вазифаи роҳбари кишварамон фаъолият дорам. Ман ба вазифаи Президенти аввалини Қазоқистон аз ҷониби халқи худ сазовор дониста шуда будам”, - гуфт Назарбоев.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳангоми даргириҳои сиёсию иқтисодӣ тақдири миллаташро бар дӯши худ гирифта кишвари ҷавонро роҳбарӣ намуд.

“Мефаҳмидам, ки номумкин аст сохтани институтҳои демократӣ бо доштани иқтисоди қафомонда ва шаҳрвандони қашшоқ. Ба ин хотир мо дар ҷойи аввал рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии шаҳрвандонро гузоштем. Сатҳи иқтисодиро 15 маротиба боло бурдем, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро 9 маротиба (бо ҳисоби доллар) хубтар кардем, ки ин имкон дод сатҳи камбағалиро 10 маротиба камтар кунад. Мо мустақилона ҳамаи мушкилиҳои иқтисодиро паси сар кардем. Қазоқистон аз иқтисодиёти аграрӣ ба иқтисодиёти саноатӣ гузашт”, - ёдовар шуд Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев, котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон дар Бистуҳаштум анҷумани Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баромад мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамнишини Горбачеву 30 соли роҳбарӣ: аксҳо аз ҷавонӣ то пирии Назарбоев

Назарбоев ҳамчунин қайд кард, ки давоми солҳои роҳбарияш ӯ дар якҷоягӣ бо мардумаш тавонистаанд дар кишвар ба пешравиҳои зиёде ноил гарданд, ки натиҷаи он ба сафи 50 кишвари пешрафтаи дунё ворид шудани Қазоқистон мебошад.

“Барои ман хидмат ба халқи худ ва ватани азизамон шарафи бузург буд. Ба ҳамаатон раҳмати калон – сари таъзим ба халқи бузурги Қазоқистон. Бо шарофати дастгириҳои шумо ман ба вақту соат, сину сол ва қувваи худ нигоҳ накарда  тавонистам фаъолият кунам, то ки он ҳама бовариҳое, ки нисбати ман доштед исбот кунам”, - қайд кард вай.

Назарбоев гуфт, ки ба дастури ӯ мувақатан иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қазоқистонро раиси парлумони кишвар Қосим Тоқаев ба уҳда мегирад.

Нурсултан Назарбаев подписывает закон РК. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нурсултон Назарбоев истеъфо дод

“Ман ҳамчун роҳбари Шӯрои амниятӣ, ки масъулияти ҷиддӣ дорад, мемонам. Ҳамчунин роҳбари ҳизби “Нур Отан”  ва Шӯрои конститутсионӣ боқӣ мемонам. Яъне бо шумо будам ва мемонам. Ҳама мушкилии кишвару халқро чун пешина мушкилии хеш медонам. Ҳамчун асосгузори давлати мустақили Қазоқистон вазифаи ояндаи худро дар муҳайё кардани роҳбари наву ҷавон ба кишвар, ки навсозиҳои пешгирифтаи ҷумҳуриро пеш бурда метавонад, мебинам”, - қайд кард Назарбоев.

Президенти аввали Қазоқистон як чанд сухан дар бораи муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Президенти кишвар низ гуфт.

“Ман бовари дорам, ки Тоқаем маҳз ҳамон шахсест, ки метавон роҳбарии кишварро  ба ӯ бовар кард. Ман ва насли мо ба кишвар ҳарчӣ аз дастамон омад кардем. Натиҷаҳояшон ба шумо маълум аст. Дунё дигар мешавад ва насли нав ба сари қудрат меояд. Ин ҳодисаи табии аст. Ҳар кас мушкилии давру замони худро метавонад ҳал кунад. Бигузор кушиш кунанд, ки кишварро ободтару беҳтар кунанд”, - қайд кард Назарбоев.

Лентаи хабарҳо
0