Пламя из правительственного здания после взрыва и нападения боевиков в Кабуле

Таркиш дар Кобул Наврӯзро ба мотам табдил дод

147
Гуруҳи террористии ДОИШ масъулияти таркишҳои пайдарпайи Кобулро дар арафаи Наврӯз ба уҳдаи худ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар натиҷаи таркиш дар Кобул – пойтахти Афғонистон шаш нафар ба ҳалокат расида, 23 каси дигар захмӣ шудаанд.

Агентии Рейтер бо истинод ба маълумоти сомонаи Amaq хабар додааст гуруҳи террористии ДОИШ ин инфиҷорро бар уҳда худ гирифтааст.

Чанде пас сомонаҳои иттилоотӣ бо истинод ба ҳукумати Афғонистон хабар додаанд, ки рӯзи пайшанбе дар Кобул се инфиҷори пайдарпай ба вуқуъ пайвастааст. Ду таркиш дар оғози роҳ ба сӯи мақбараи Сахӣ оташ гирифта, сеюмӣ баъди чанд дақиқа дар кӯчае, ки Донишгоҳи Кобул ҷойгир шудааст ба вуқуъ пайвастааст.

Бояд қайд кард, ки ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон минаи хобондашударо таркондаанд. Ҳамчунин мақомоти пулис қайд кардааст, ки дар он маҳал боз як бомбаи дигарро пайдо кардаанд ва тавонистаанд ӯро безарар кунанд.

147
Барчаспҳо:
ҳалокат, таркиш, инфиҷор, Афғонистон