Ба Нурсултон меравем: Остона расман Нурсултон шуд

© Flickr \ Ken and NyettaОстона. Акс аз бойгонӣ
Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти нави Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тағйирот ба сарқонуни кишварро имзо кард. Мувофиқи он, Остона - пойтахти Қазоқистон расман Нурсултон ном гирифт

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон Остона расман ба Нурсултон номгардон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Тағйироти вижа ба сарқонуни кишварро раисҷумҳури нави кишвар ба имзо расонидааст.

"Шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон номгардон карда шавад", - гуфта мешавад дар фармони Тоқаев.

Ёдрас мешавем, 19 март президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истеъфо дод. Дар ҳамин ҳол вай гуфт, ки хизмат ба мардумро идома медиҳад.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев раисҷумҳури нави Қазоқистон пешниҳод кард, ки ба Остон номи нав Нурсултон гузошта шавад.

Вакилони Қазоқистон худи ҳамон рӯз ба ҷонибдории ин пешниҳоди Тоқаевро овоз доданд.

Лентаи хабарҳо
0