Председатель Сената Парламента Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев

Президенти Қазоқистон - Тоқаев котиби нави давлатро интихоб кард

243
Ба ҷои Бақитҷон Сангинтаев, ки то имрӯз дар курсии котиби давлатии Қазоқистон қарор дошт Мурод Тажин интихоб шуд  

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев собиқ муовини якуми маъмурияти Президенти давлат Мурод Тожинро котиби давлатӣ интихоб кард, рӯзи якшанбе иттилоъ додааст дафтари матбуотии роҳбари кишвар.

“Тажина Мурод Муханбетказиевич аз вазифаи муовини аввали идораи маъмурияти Президенти кишвар озод ва ба ҳайси котиби давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон қабул карда шавад”, - омадааст дар фармоиши Тоқаев.

Бакитҷон Сангинтаев, ки то имрӯз дар курсии котиби давлатии кишвар менишаст аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Вай вазифаи роҳбарияти маъмурияти Президенти Қазоқистонро низ бар дӯш доштааст.

Ӯ соли 1981 Институти аграрии Алма-Аторо бо ихтисоси “иқтисодчӣ” хатм кардааст.

Тажин – номзади илмҳои фалсафи, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои сотсиологии Қазоқистон, академики Академияи илмҳои сотсиологии Русия, академик ва президенти Академияи илмҳои сотсиологии Қазоқистон мебошад.

243
Барчаспҳо:
интихоб, макотиби олӣ, Раисҷумҳур, Қазоқистон