Муаррифии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қатар

Савдои гарм: тоҷикон дар Қатар Маркази фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон мекушоянд

165
(Таҷдидшуда 13:27 25.03.2019)
Бо мақсади рушди робитаҳои судманди тичоратӣ байни Тоҷикистону Қатар дар шаҳри Давҳа дар моҳҳои наздик Маркази фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik.  Аз 19 то 22 марти соли 2019 дар шаҳри Давҳа 7-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ “Агротек-2019” баргузор шуд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он беш аз 160 ширкат аз 40 кишвари ҷаҳон маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

Бо дастгирии Вазорати шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар дар ғурфаҳои намоишгоҳи мазкур, ки бузургтарин майдон барои муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ дар минтақаи Халиҷ ва Шарқи Наздик маҳсуб мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Қатар ва ширкати тоҷикистонии “Акбар- С” маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла анвои гуногуни сабзавот, меваҳои тару хушк ва асали Тоҷикистонро низ ба намоиш гузоштанд.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо вазири шуғли Қатар, Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон
Сомонаи фейсбукии Вазорати рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар

Эмомалӣ Раҳмон Амири Қатарро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоту гуфтушунидҳои судманд бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии Қатар сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти онҳо роҳҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳои тару хушк аз Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шудаанд.

Оғози парвозҳо аз Душанбе ба Қатар дар ояндаи наздик

Ҳамчунин қарор шуда, ки ба мақсади рушди робитаҳои судманди тичоратӣ байни ду кишвари дӯст дар шаҳри Давҳа дар моҳҳои наздик Маркази фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад гардид.

165
Мавзуъ
Тими олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар пирӯз шуд
Олими тоҷик - муаллифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" дар Қатар ҷоиза гирифт