Страница социальной сети Фейсбук

Мусалмонон аз Facebook ва YouTube барои навори тирпарронӣ дар масҷид шикоят намуданд

275
(Таҷдидшуда 15:34 26.03.2019)
Шӯрои мусалмонони Фаронса, паҳн намудани навори тирпарронӣ дар масҷиди Зеландияи Навро ба фитнаангезӣ барои терроризм баробар кард

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik.  Шӯрои мусалмонони Фаронса (CFCM), аз Facebook ва YouTube барои паҳн намудани навори тирапрронӣ дар масҷиди шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав шикоят бурдааст, иттилоъ додааст нашрияи France Info.

Даъвои мусалмонон фаронса ба додситонии ин кишвар равон шудааст.

Аз ҷумла, Шӯрои мусалмонони Фаронса аз паҳн намудани хабарҳои зуроварӣ, ки ба фитнаангезии терроризм мусоидат мекунад шикоят намуданд. Инчунин, онҳо шикоят намуданд, ки ин иқдом ба изати нафси инсон зарари ҷиддӣ мерасонад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав 15 март қабл аз намози ҷумъа рух дода, дар натиҷа 49 нафар кушта шудаанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, феълан дар робита ба ин амали террористӣ 4 нафарро боздошт кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи тасаллият ба Ҷасинда Кейт, сарвазири Зеландияи Нав аз ҳамлаи террористӣ ба масҷидҳо дар ин кишвар изҳори андуҳ кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба хонум Кейт изҳор доштааст, ки хабари амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Навро бо камоли андуҳ ва нафрати беандоза дарёфт кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, бори дигар асли терроризмро нишон медиҳад.

“Ин ҳодисаи фоҷеабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқия.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав, наздикону пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, барои маҷрӯҳшудагон шифои комил хостааст.

275
Барчаспҳо:
додситонӣ, шикоят, YouTube, Facebook, Фейсбук, Фаронса