Нашивка на рукаве сотрудника полиции в России, архивное фото

Инфиҷор дар Петербург: дар академияи низомӣ мина таркид

232
Курсантон ва кормандони Академияи низомиву кайҳониро ба ҷойи бехавф интиқол доданд, дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар бинои Академияи низомиву кайҳонии ба номи Можайскии шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор рух дод, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Тавре гуфта мешавад, дар ҳудуди академия мина таркидааст.

Дар натиҷа чор тан маҷрӯҳ шудаанд.

Курсантон ва кормандони академияро ба ҷоийи бехавф кӯчониданд, дар ҷойи ҳодиса намояндагони ФСБ ва Кумитаи тафтишотии Русия кор мекунанд.

Академия ба Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад. Муассисаи таълимӣ барои қӯшунҳои кайҳонӣ мутахассис омода мекунад.

232