Политолог Максим Казначеев

Казначеев: ҳизби “Нур Отан” дорои ду намоянда ба номзадии президентии Қазоқистон аст

100
  Сиёсатшинос Максим Казачеев бар он аст, кит ҳизби калонтарини Қазоқистон – “Нур Отан” дорои ду номзад Президнти ҳозираи Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва духтари собиқ Президент Дариға Назарбоева барои ба курсии президенти нишастан аст

Казначев қайд кардааст, ки тасмими ташкили интихоботи пеш аз муҳлат интизоршаванда буд.

“Барои коршиносон гузаронидани интихоботи президентии пеш аз муҳлат  ин хабар буда наметавонад. Ба ҳукумат ду се ҳафта кифоя будааст, то ки ҳама ҷанбаҳои ташкилии интихоботро барои баргузории раъйпурсии навбатӣ омода созад”, - мегуяд сиёсатшинос ба Sputnik Қазоқистон.

Дар бораи номзадҳо оянда ба вазифаи Президенти Қазоқистон ҳоло барвақт аст чизе гуфтан, чунки онҳо то ҳол аниқ нашудаанд.

“Ҳоло номгӯи ҳизби “Нур Отан” дорои ду шахсиятест, ки – Президнти ҳозираи Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва духтари собиқ Президент Дариға Назарбоева метавонанд ба номзадии роҳбари кишвар номашонро пешниҳод кунанд”, - гуфт коршинос.

100
Барчаспҳо:
раъйпурсӣ, интихобот, Қазоқистон, Русия