Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев

Тоқаев номзадиашро ба интихоботи президентии Қазоқистон пешниҳод мекунад

142
(Таҷдидшуда 13:44 23.04.2019)
Ба номзадии иҷрокунандаи раисҷумҳури феълӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои иштирок дар интихобюти президентии Қазоқистон 263 аъзои ҳизби ҳоким – “Нур Отан” раъй доданд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Ҳизби ҳоким – “Нур Отан” пешниҳоди номзадии раисҷумҳурро ба интихоботи президентии Қазоқистон дастгирӣ намуданд.

Рӯзи сешанбе дар шаҳри Нур-Султон анҷумани ҳизби “Нур отан”, ки роҳбараш собиқ президенти кишвар Нурсултон Назарбоев мебошад, баргузор мегардад.

Назарбоев пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҳизб Тоқаев номзадиашро пешниҳод кунад. Интихоби пеш аз муҳлати президент дар Қазоқистон 9 июн баргузор мегардад.

Барои пешниҳоди номзадии Тоқаев 263 аъзои ҳизб, ки дар анҷуман иштирок хоҳанд кард раъй додаанд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 20 март бо хоҳиши худ курсии президентиро тарк намуда номзадии Тоқаевро ба ин мақом пешниҳод кард.

Дар ин ҳол бе тариқи овоздиҳии мардум роҳбари кишвар раиси парлумони кишвар Тоқаев интихоб гардид.

142
Барчаспҳо:
интихобот, президент, Қазоқистон, Тоҷикистон

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

654
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

654
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

493
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

493
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ
Помощь Эмомали Рахмона для врачей ГБАО

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

0
(Таҷдидшуда 14:08 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки озуқаворӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи табибони ВМКБ кумак кард, хабар медиҳад мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, кумаки навбатии президент, барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ COVID - 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.

"Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳам президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки иборат аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ кумак карда буд.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ВМКБ: 45 мошин маводи ғизоию тиббӣ фиристод

0
Барчаспҳо:
пизишкон, кумак, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон