Встреча президента России Владимира Путина и президента США Дональда Трампа

Расонаҳои хабарӣ: Трамп тасмим гирифтааст бо Путин мулоқот кунад

164
(Таҷдидшуда 19:49 13.05.2019)
Амрико пешниҳод намудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи гурӯҳи 20 мулоқоти Президенти Амрико Доналд Трамп, ва роҳбари Русия Владимир Путин, баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Вошингтон ба Маскав  бораи музокирот дар сатҳи олӣ дархост равон кардааст, иттилоъ додааст "КоммерсантЪ" дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷаи Амрико.

Аз ҷумла Амрико пешниҳод намудааст, дар ҳошияи ҷаласаи гурӯҳи 20, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар моҳи июн баргузор мешавад, мулоқоти Президенти Амрико Доналд Трамп, ва роҳбари Русия Владимир Путин доир гардад.

Таъкид шудааст, Амрико интизори ҷавоби Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки то ҳол дидор ва мулоқоти руоасоиҷумҳури Русия ва Амрико дар назар нест.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин бо Доналд Трамп бори охир 3 май соли равон суҳбати телефонӣ карда буд. Он замон суҳбати роҳбари ду кишвар тақрибан яку ним соат давом ёфта буд. Аммо мулоқоти рӯ ба рӯ миёни роҳбарони Амрикову Русия 11 ноябри соли 2018 сурат гирифта буд.

164
Барчаспҳо:
пешниҳод, Ҷопон, мулоқот, Владимир Путин, Даналд Трамп, Амрико, Русия
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон ҳатто омодаст истеъфо ва ё ҷон диҳад

410
(Таҷдидшуда 00:33 29.10.2020)
Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар Telegram-аи худ пас аз изҳороташ дар бораи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад муроҷиати худро ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қодиров қаблан раҳбари Фаронсаро барои суханронӣ ба ҳимоят аз карикатураҳои пайғамбар маҳкум кард.

Вай Макронро дар пуштибонӣ аз иғво айбдор кард ва илова кард, ки президенти Фаронса "пинҳонкорона мусулмононро ба ҷиноят даъват мекунад."

Қодиров аз Макрон даъват кард, ки ҳамлаҳо ва иғвоҳои мазҳабиро "пеш аз дер шуданаш" боздорад.

Бо шарҳи ин навиштаҳои Қодиров котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дар гуфт, ки сарони субъектҳо ба сиёсати хориҷӣ машғул нестанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар навиштааш Қодиров таъкид кардааст, ки ба президенти Фаронса на ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун як мусалмон муроҷиат кард ва илова кард, ки омода аст суханони худро такрор кунад.

Вай таъкид кардааст, чун шахс, ки дини худро дӯст медорад ва эътиқоди онро қатъиян риоя мекунад, чунин ҳуқуқ дорад.

"Барои ин андеша, агар лозим ояд, ман омодаам аз вазифаам истеъфо диҳам, азоб кашам ё ҷон диҳам! Аммо хомӯш атеистонро тамошо кардан, ки динро тамасхур мекунанд, ман наметавонам ва нахоҳам кард!" - таъкид кард сарвари Чеченистон.

Ёдовар  мешавем, қаблан Макрон зимни суханронии васеъ оид ба мубориза бо ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар Фаронса эълом дошт, ки лоиҳаи қонуни марбута ба таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ рӯзи 9 декабр пешниҳод хоҳад шуд.

Вай зарурати "озод кардани ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ" ва шадидтар кардани назорат аз болои маблағгузории масҷидҳо эълом кард.

Сабаби суханронии Макрон куштори муаллими таърих Самуил Пати буд, ки карикатураҳои Пайғамбар Муҳаммадро нишон додаву нишонаи озодӣ хонда буд.

Қаблан президенти Фаронса зимни шарҳи нашри нави карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар кишвар "озодии куфр" вуҷуд дорад.

Пас аз куштори муаллим, Макрон таъкид кард, ки Фаронса аз нашри карикатураҳо даст намекашад.

410
Барчаспҳо:
Чеченистон, Дмитрий Песков, Эммануэл Макрон, Ислом, дин, Рамзан Қодиров
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган

Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид

689
(Таҷдидшуда 18:07 28.10.2020)
Дар ҳошияи муташанниҷ шудани муносибатҳои Фаронса ва Туркия маҷаллаи Charlie Hebdo карикатураеро нашр карда, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро масхара кардааст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон маҷаллаи адабиву бадеии " Charlie Hebdo"-и фаронсавиро барои карикатураи худ ба додгоҳ кашидааст.

Даъворо ба додситонии Анқара зидди роҳбарияти маҷалла аз номи роҳбари Туркия ҳомии ҳуқуқи вай Ҳусейн Айдин додааст.

Дар аризаи вай гуфта мешавад, ки мавод ба усулҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ ва ба мафҳуми "озодии баён" рост намеояд. Афзун бар ин, карикатура иззат ва шарафи роҳбари Туркияро паст мезанад.

Расми таҳқиромези Эрдуғон дар саҳифаи Твиттери Charlie Hebdo дар ҳошияи бад шудани муносибатҳои Туркия ва Фаронса нашр гардидааст.

Дар он роҳбари Туркия нимбараҳна дар мизе нишастааст ва дар як дасташ нӯшокӣ ва бо дасти дигараш пешхизмати ҳиҷобпӯшро луч мекунад.

"Эрдуғон дар зиндагии хусусӣ бисёр бозингар аст" , - гуфта мешавад дар шарҳи карикатура.

Маҷалла расмро дар пайи муташанниҷ шудани муносибатҳои Туркияву Фаронса нашр кард. 

Таконе ба он изҳороти президенти Фаронса Эмманюэл Макрон пас аз куштори як муаллим дар наздики шаҳри Париж пас аз нишон додани карикатураи пайғамбар Муҳаммад гардид. Ин карикатура низ ба маҷаллаи Charlie Hebdo тааллуқ доштааст.

Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Дар баромади худ роҳбари Фаронса ҳодисаро "теракти исломӣ" номида, ба мубориза бо исломи сиёсӣ дар мактабҳо, муассисаҳои давлатӣ ва масҷидҳо даъват мекунад. Ӯ ҳамчунини пешниҳод кардааст, ки дар кишвар ташкилоте ташкил карда шавад, ки "тавонад исломро бидуни таъсири беруна бисозад".

Дар посух ба Макрон Эрдуғон аз Макрон даъват кардааст, ки ҳолати равониашро бисанҷад. Пас аз ин қазия ҳамон маҷалла Эрдуғонро низ ба масхара кашидааст.

689
Топор, архивное фото

Тафсилоти куштори бераҳмонаи муаллим аз суи ҳамсараш бо табар-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 40-соларо ба гумони қатли ҳамсари омӯзгораш боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раъно Оймаҳмадоваи 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, Марупов Барот Қурбоновуичи 54-сола, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, ҷангу ҷанҷол карда, ба сарау рӯяш бо табар зада ба ҳалдокат мерасонад.

Манбаъ мегӯяд, ҳамсар барои ҷабрдида хонадории сеюм буда, соҳиби як фарзанд мебошанд.

“Иллати сар задани ҷинояти махсусан вазнинро тафтишоти пешакӣ ба муҳити носолим дар хонаводаи омӯзгор нисбат медиҳад, ки аз фанни химияву биология дарс мегуфт”,-афзудааст манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Раъно Оймаҳмадова парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

0