Асрори марги Ортиқ Отаҷонов: мегуфт ҳамсарам аз он дунё фарёд мекунад

Обуна шудан
Ман бо ӯ ҷанҷол мекардам, қаҳрӣ мешудем, аммо барои вай зиндагӣ мекардам. Гулсара рафту зиндагӣ бароям торик шуд. Ӯ маро аз он дунё фарёд мекунад, ман ба наздаш меравам, вайро танҳо намегузорам, мегуфтааст пеш аз марг ҳунарманд

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Шоири узбек, Муҳаммад Исмоил хотираҳои худро дар бораи ҳунарманди  мардумии Узбакитон Ортиқ Отаҷонов нақл кард.

Тавре шоир дар саҳифаи фейсбукиаш навистааст, ҳунарманд натавонист марги ҳамсарашро таҳаммул кунад.

"Ҳарчанд инсон машҳуру бузург аст, ӯ ба муҳаббат ва навозиш ниёз дорад. Ҳатто агар зоҳиран мисли кӯҳ бузург намояд ҳам, ба муҳаббати наздиконаш ниёз дорад", - менависад Исмоил.

Вай боварӣ  дорад, ки пас аз марги ҳамсари Ортиқ Отаҷонов - Гулсара чизе ӯро дар зиндагӣ нигоҳ дошта наметавонист.

"Маро Гулсара ҷеғ мезанад, - мегуфт вай ҳар рӯз. Ман дар ин дунё бе ӯ наметавонам. Ман бо вай ҷанҷол мекардам, қаҳрӣ мешудем, аммо барои ӯ зиндагӣ мекардам, то дар чашмонаш шарораи хурсандиро бинам. Тайёр будам, ки тамоми дороиамро қурбонаш созам. Аммо ӯ рафту зиндагӣ бароям торик шуд. Куҷое нигоҳ накунам, чашмони ӯро мебинам. Ӯ маро фарёд мекунад. Ман ӯро танҳо гузошта наметавонам", - ба ёд меорад суханони ҳунармандро дӯсташ.

Рӯзе Ортиқ Отаҷонов аз дӯсташ хоҳиш кардааст, ки ба сари қабри ҳамсари марҳумаш раванд.

"Вақте ба қабристон рафтем, ӯ ногаҳон пурсид, ки дар бари қабри ҳамсараш оё ҷое барои вай низ ҳаст. Ӯ худро болои қабр партофту гиря кард, мо кӯшиш кардем, ӯро ором кунем, аммо натавонистем", - нақл мекунад вай.

Имрӯз, ҳунарманди бузург низ моро тарк кард.

"Таронаҳои вай пас аз маргаш ҳам ба хонаводаи ҳазорҳо шодиву хушнудӣ мебахшанд. Ӯ ногаҳон рафт. Ба мо чизе нагуфт ва моро тарк кард. Алвидоъ устод", - менависад шоир.

© https://www.facebook.com/karomat.arajanovaОртик Отажонов с супругой Гульсарой. Ее не стало в апреле.
Асрори марги Ортиқ Отаҷонов: мегуфт ҳамсарам аз он дунё фарёд мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Ортик Отажонов с супругой Гульсарой. Ее не стало в апреле.

Ҳунарманди мардумии Узбакистон, оҳангсози номӣ, Ортиқ Отаҷонов 17 май дар Тошканд дар синни 73- cолагӣ вафот кард.

Отаҷонов 30 январи соли 1947 дар вилояти Хоразм ба дунё омадааст. Ҳунарманд то дами марг роҳбари ансамбли овозадори "Лазгӣ" буд.

Маросими видоъ бо ҳунарманд дар Тошканд 17 май, рузи ҷумъа баргузор шуд.

Расонаҳои Узбакистон далели марги Ортиқ Отаҷоновро шарҳ намедиҳанд. Ҳамсари ҳунарманд Гулсара Отаҷонова ҳамагӣ моҳе пеш даргузашта буд.

Лентаи хабарҳо
0