Тереза Мэй сарвазири Британияи Кабир аз ба истеъфо рафтанаш хабар дод

126
(Таҷдидшуда 15:43 24.05.2019)
То интихоб шудани роҳбари нави ҳизби консервативӣ, Тереза Мэй ҳамчун роҳбари муваққатӣ боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сарвазири Британияи Кабир Тереза Мэй эълон кард, ки 7 июн аз вазифаашро тарк мекунад.

Ин эълон бо азми ҳамҳизбонаш, аз ҷумла аъзои кабинети вазирон, ки аз амали Мей дар бораи бастанги созишномаи нав бо кишварҳои Аврупо оид ба Brexit розӣ набудаанд, сурат гирифтааст.

Ҳамин тарик Тереза Мэй бояд курсии сарвазирии Британияи Кабирро тарк кунад.

Ҷараёни интихоби сарвазири нав баъди 7 июн расман маълум мегардад. 

Дар айни ҳол Борис Ҷонсон аз тасмими пешниҳоди номзадиаш ба курсии сарвазири Британияи Кабир хабар додааст. Андреа Лидсом собиқ роҳбари палатаи ҷамоат, низ тасмими пешниҳоди номзадиашро дорад.

Бояд қайд кард, ки то роҳбари нави ин ҳизб интихоб нагардад (ҷараёни интихоб 6 ҳафтаро дар бар мегирад), Тереза Мэй боқӣ хоҳад монд. 

126
Барчаспҳо:
ҳизб, истеъфо, сарвазир, Британияи Кабир