Роҳгузар ба сари синаи кампиру зани ҷавон мушт зад-видео аз Молдова

© Sputnik / Табылды Кадырбековкулак, архивное фото
кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Кишинёв (Молдова) роҳгузарон шоҳиди муносибати аҳмақонаи марде шуданд, ки ба сари синаи кампир ва зани ҷавон мушт зад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Молдова ин ҳодисаро камераҳои назоратии сари роҳ сабт кардаанд.

Аз дасти марди роҳгузар кампири 81-сола ва зани 36-сола захм бардоштанд. Аз навор дида мешавад, ки кампир пас аз зарбаи мард ба замин меафтад.

Ба ҷабрдидагон ёрии таъҷилӣ расониданд.

Чуноне сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Кишинёв Наталя Стати хабар медиҳад, Наталя Стати ҳувияти шахси ҳамлакарда муайян карда шудааст. Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса то ҳол ифшо карда нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0