Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш-видео

807
(Таҷдидшуда 21:28 26.05.2019)
Дар интернет наворе пайдо шуд, ки дар он қаҳрамони ЮФС Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш размоиш мекунад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш ба размоиш баромад, дар ин бора варзишкори русиягӣ дар саҳифаи Instagram-и худ навиштааст.

"Чанде, ик тамрин накунӣ ҳич гоҳ наметавонӣ падаратро мағлуб кунӣ. Ин қоидаи зиндагист",-навиштааст Ҳабиб дар саҳифааш.

Аз навор дида мешавад, ки Ҳабиб ҷое дар дохили тамрингоҳ ва ҷое дар табиат бо падараш размоиш мекунд.

Вале ягон бор бар падараш пирӯз намешавад. Дар ҳамаи ҳолат қувваи бозуи падари Ҳабиб бар ӯ бартарият дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки духтари амрикоӣ, муборизи ММА ба Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба майдон хонд.

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо ва варзишкори ММА Кайла Харрисон изҳор дошт, ки метавонад аз рӯи қоидаҳои ҷудо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов мехоҳад муҳорибаи навбатиашро моҳи сентябр баргузор кунад.

Ҳабиб гуфт, моҳи сентябр ба шарте ба майдон мебарояд, агар Зубайр Тухугов ва Абубакр Нурмуҳаммадов, ки бо айби ӯ аз ширкат дар муҳорибаҳо маҳрум шуданд, пеш аз ӯ ба майдон бароянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро мағлуб кард.

Дар айни замон Ҳабиб давраи маҳрумият аз ширкат дар муҳорибаҳоро паси сар мекунад. Ӯ пас аз рақобат бо Конор Макгрегор аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шуд. 

Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.

Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.

Ҳабиб боз бо хирс ба набард баромад - Навор

Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.

Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.

Макгрегор тафсилоти ҷанҷоли калон бо Нурмуҳаммедовро гуфт

Ба гуфти падари Ҳабиб, варзишкор фаъолияташро пас аз рақобат бо Ҷорҷ Сен-Пери канадагӣ, Тони Фергюсони амрикоӣ ва Флойдом Мэйуэзер хотима медиҳад.

807
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

68
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

68
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

116
(Таҷдидшуда 22:01 30.09.2020)
Амири нави Қувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Қувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91-солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84-сола, ки ба унвони амири Қувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифоъ, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Қувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91-солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавтид.

Вай 29 январи 2006 дар Қувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Қувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Қувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

116
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт