Офицер полиции в Афганистане, архивное фото

Мушовири нахуствазири Афғонистон кушта шуд

552
(Таҷдидшуда 15:05 27.05.2019)
Нафароне, ки ба мушовири нахуствазири Афғонистон Нур Муҳаммад Араб дар вилояти Қундуз ҳамла карданд, тавонистанд аз ҷои ҳодиса фирор кунанд

ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Аз тарафи шахсони номаълум дар вилояти Қундуз мушовири нахуствазири Афғонистон Нур Муҳаммад Араб кушта шуд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии ообщает Ariana News дар истинод ба мансабдорони маҳалӣ.

​Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлаи шахсони номаълум ба мушовири нахуствазир рӯзи якшанбе сурат гирифтааст. Зимни сӯиқасд ба ҷони мушовир як муҳофизи дигар низ захмӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Афғонистон нисбати ҳодисаи мазкур иттилои бештаре надодааст.   

552
Барчаспҳо:
шахсони номаълум, нахуствазир, кушта шуд, сӯиқасд, Афғонистон