Президент США Дональд Трамп.

Трамп: Амрико барои музокира бо Эрон омода ҳаст

245
(Таҷдидшуда 20:07 27.05.2019)
Раисҷумҳури Амрико дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон дар Токио, гуфт барои гуфтугӯ бо мақомоти Эрон барои ҳалли ихтилофот омода аст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.  Бино ба гузориши шабакаи телевизионии CGTN, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ бо Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон дар Токио, дар посух ба хабарнигорон дар иртибот бо эҳтимоли миёнравии Ҷопон байни Эрон ва Амрико барои оғози музокироти ду кишвар гуфт, Ҷопон робитаи хубе бо Эрон дорад ва метавонад дар ин замина нақшофаринӣ кунад.

Трамп таъкид намудааст, ки вай дар ин замина мушкиле надорад ва бар ин бовар аст, ки Эрон тамоюл дорад бо Амрико музокира кунад.

“Агар мақомоти Эрон бихоҳанд, ки гуфтугӯ кунанд, амрикоиҳо низ тамоюл ба гуфтугӯ доранд”, - қайд намуд Трамп.

​Ин иддаои Амрико дар бораи оғози музокирот бо Эрон дар ҳолест, ки ин кишвар бо хуруҷ аз БарҶом, таҳримҳо зидди Эронро сахттар карда ва бо ҳузур дар минтақаи халиҷи Форс омили буҳрон ва ноамнӣ дар минтақа шудааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам ахиран гуфта, бо таваҷҷуҳ ба бадаҳдӣ, бадқавлӣ ва қулдурмаобии Амрико, роҳи ҳар гуна музокира бо ин кишвар бастааст.

245
Барчаспҳо:
Эрон, омодагӣ, музокира, Доналд Трамп, Амрико