Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета

Путин дар ҳузури Раҳмон дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт

3098
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бори дигар манфиати Русияро дар густурдатар шудани ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо Тоҷикистон қайд кард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин густурдатар шудани ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ва Молдова муҳим арзёбӣ кард.

"Самти муҳими фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё густурдатар кардани муносибатҳо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ҳамсояҳои наздики мо мебошад. Бо истифода аз ҳузури сарони кишварҳои нозир, парезиденти Молдова ва меҳмони фахрӣ - президенти Тоҷикистон дар маҷлис, мехоҳам бори дигар қайд кунам, ки мо ба густурдатар шудани ҳамкориҳои кишварҳои онҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиатдорем", - гуфт раисҷумҳури Русия дар рафти баромадаш дар иҷлосияи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиёи иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё.

Путин таъкид кард, ки иттиҳод пеши роҳи ҳамкориҳои кишварҳо бо ҷонибҳои севум намешавад ва онҳо метавонанд бемамоният ба бозори хориҷ бароянд.

Вай афзуд, ки савдои дохила иштирокдорони иттиҳод то 9,2 дар сад, ба 60 миллиард доллар афзуд.

3098
Девушка держит в руках флаг Китая

Парчами Чин рӯи кураи моҳ

113
(Таҷдидшуда 19:30 05.12.2020)
Чин ба унвони дувумин кишвари ҷаҳон ва ҳудуди 50 сол баъд аз Амрико, парчами худро рӯи кураи моҳ ба замин зад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Созмони Миллии Фазоии Чин (CNSA) рӯзи шанбе тасовире мунташир кард, ки нишон медиҳад, парчами ин кишвар тавассути ковушгари “Chang'e 5”, рӯи кураи моҳ насб шудааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Синхуа.

Чин ин фазопаймои бидуни сарнишинро бо ин ҳадаф партоб карда, ки намунае аз сангҳои моҳро ба замин мунтақил кунад.

Ин аввалин талоши як кишвар барои овардани намуна аз моҳ аз даҳаи 1970 то кунун аст.

Ин ковушгар ба зуддӣ амалиёти ҳаффории худро оғоз мекунад ва агар ҳама чиз бо муваффақият пеш равад, авохири моҳи ҷорӣ намунаҳоро ба замин хоҳад овард.

Мутахассисон мегӯянд, баррасии намунаҳои хоки кураи моҳ, ки ин ковушгар ҷамъоварӣ мекунад, барои ошноӣ бо таърихи хоки кураи моҳ ва ҳатто фаъолиятҳои офтоб кумаки зиёде хоҳад кард.

113
Барчаспҳо:
Амрико, моҳ, парчам, Чин
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: мардум хоҳони барқарории оташбас ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд

137
(Таҷдидшуда 20:24 05.12.2020)
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, иттиҳоди ҳамаи гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ин кишварро барои Афғонистон зарурӣ донист

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи шанбе дар нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, шурӯи кори ин кумитаро барои тақвияти гирдиҳамоии миллӣ дар Афғонистон гоме муассир донист ва гуфт: "барқарории сулҳ дар кишвар бояд омили иттиҳоди ҳамаи афғонҳо бошад ва ба сулҳ набояд нигоҳи манфиатталабона дошт", - иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши Ово.

Абдуллоҳ афзудааст, ки имрӯза ҳамаи мардуми кишвар хоҳони барқарории оташбаси саросарӣ ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ҳифзи дастовардҳои мардуми Афғонистон дар тавофуқномаи сулҳ бо гурӯҳи Толибон хотирнишон кард, идомаи ҷанг дар Афғонистон ба нафъи касе нест ва танҳо нобудии кишварро ба дунбол хоҳад дошт.

Нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи шанбе ба раёсати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба сурати муштарак ифтитоҳ шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлат ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябри 2020 дар Давҳаи Қатар оғоз шуда ва чанд рӯзи пеш саранҷом ду тараф бар сари дастури кори музокирот тавофуқ карданд.

137
Барчаспҳо:
сулҳ, оташбас, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Абдуллоҳ, Афғонистон