Пурбаҳстарин акси президент дар интернет: Мирзиёев дар арафаи ид оши палав пухт

© AP / ANVAR ILYASOV / POOLПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев со своей семьей. У него и Зироатхон Хошимовой две дочери и сын
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев со своей семьей. У него и Зироатхон Хошимовой две дочери и сын - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зери аксе, ки дар он президенти Узбакистон дар назди ошдону дег аст, 40 ҳазор нафар "лайк" гузошта, ҳазорҳо нафари дигар онро бознашр кардаанд. Аз ҷумла корбарони тоҷик низ ошпазии президенти Узбакистонро баҳс карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik.  Акси ошпазии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар интернет марзи тамоми "рекорд"-ҳои шабакаҳои иҷтимоии Узбакистонро убур кард.

Аксеро, ки президент дар назди ошдон дег мекобад, духтари Мирзиёев - Саида дар саҳифаи Инстаграм ва Фейсбукаш нашр кард. Танҳо дар Инстаграм зери ин акс 40 ҳазор корбар "лайк" гузоштаанду ҳазорҳо дар Фейсбук бознашр кардаанд. Аз ҷумла корбарони тоҷик низ акси президентро бознашр кардаву ба риштаи баҳс кашидаанд.

Тавре аз шарҳи Саида бармеояд, Мирзиёев дар арафаи иди Фитр барои пайвандонаш оши палав  пухтааст.

"Баъзан падарам худашон барои мо ош мепазанд. Мо бошем, кӯмак мерасонем", - тавзеҳ медиҳад акси гузоштаашро духтари президент.

Корбарон навиштаанд, ки ин аввалин акси Мирзиёев аз ҳаёти муқаррарии ӯст. Бисёриҳо навиштаанд, ки мехостанд маззаи оши президентро чашанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Давлатимиз раҳбарининг Бешта ташаббуси доирасида Бўка тумани марказида Маданият ва маърифат экопарки барпо этилди. Президентимиз ушбу истироҳат боғи билан яқиндан танишди. Бу ерда замонавий кутубхона ва китоб ўқиш учун жойлар, киберспорт майдони, Wi-Fi ҳудудлари ташкил этилган. Ёпиқ амфитеатр, кафелар қурилган. Универсал спорт майдонида воркаут ва бадантарбия, мини футбол, бадминтон, стол тенниси ва бошқа спорт турлари билан шуғулланиш учун кенг шароит яратилган. Велосипед, самокат, скейтборд ва роликлар ижараси ҳам йўлга қўйилган. Шавкат Мирзиёев боғдаги кутубхонани кириб кўрди. Илмий ёндашув асосида китоб ўқитиш методикаси ҳамда қайси ёшда қандай асарларни ўқиш бўйича тавсиялар ишлаб чиқиш зарурлиги таъкидланди. Боғда бутун йил давомида ранг-баранг тадбирлар ўтказиш, ўқувчиларнинг ёзги таътилини мазмунли ташкил этиш бўйича топшириқлар берилди. (Батафсил маълумот www.president.uz сайтида) ____ В рамках Пяти инициатив Президента в Букинском районном центре создан Экопарк культуры и просветительства. Глава государства ознакомился посетил парк и ознакомился с созданными здесь условиями. Комплекс включает в себя библиотеку, уголки для чтения книг, киберспортивную арену, Wi-Fi зоны. Построены крытый амфитеатр и кафе. В универсальной спортивной зоне можно заниматься воркаутом и физкультурой, играть в бадминтон, настольный теннис и в другие виды спорта. Можно взять в аренду велосипеды, самокаты, скейтборды и ролики. Шавкат Мирзиёев побывал в библиотеке парка. Указано на необходимость разработки научно обоснованной методики пропаганды чтения, а также рекомендаций о наиболее предпочтительных книгах для разных возрастов. Даны поручения по организации в парке разнообразных мероприятий круглый год, содержательных летних каникул учащихся. (Подробно на нашем сайте www.president.uz) #President #Mirziyoyev #Uzbekistan

Публикация от Shavkat Mirziyoyev (@mirziyoyev_sh)

Бархе аз корбарон гуфтаанд, ки бо дидани акси ошпазии президент падарони худро ба ёд оварданд, ки вақти дар ҳаёт будан, барои оила ош мепухтанд.

"Акс нишон медиҳад, ки президенти мо шахси оддиест, ки дар хона мисли ҳама бо либоси оддӣ барои хонаводааш ош омода мекунад", - навиштааст як корбари узбакистонӣ.

Бояд ёдрас шуд, ки Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дорад. Дар он аз мулоқоту сафарҳои президент аксу видеоҳо гузошта мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0