Руҳонӣ ба Душанбе меояд: мақсади сафар дар чист?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони кишварҳои дахлдор ба Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  баргузор мегардад, ки дар он дар баробари дигар президентҳо роҳбари Эрон ҳам иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон рӯзи пайшанбе барои иштирок дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкориҳои Шонхой (СҲШ) ба Қирғизистон сафар мекунад ва аз он ҷо ба Тоҷикистон меравад, гуфтааст ноиби маъмурияти Президент Парвиз Эсмаилӣ.

“Дар асоси даъвати раисҷумҳури Қирғизистон президенти Эрон, Ҳасан Руҳонӣ рӯзи пайшанбе барои иштирок дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои  СҲШ ба Бишкек сафар мекунад”, - гуфтааст Эсмаилӣ, ки суханонаш дар сомонаи ҳукумати Эрон дастраси бинандагон гаштаанд.

Вай қайд кардааст, ки ҳангоми баргузории ҷаласаи сарони кишварҳо роҳбари Эрон бо роҳбарони дигар кишварҳои иштироккунанда мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зариф сафари Ҳасани Руҳонӣ ба Душанберо имконияти олӣ хонд

Баъди ин Руҳонӣ ба Тоҷикистон, ки дар он ҷо мулоқоти роҳбарони кишварҳои дахлдори  Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор мегардад, ташриф хоҳад овард.

Руҳони тасмим дорад дар Тоҷикистон ҳам бо роҳбарони кишварҳои иштироккунандаи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  мулоқоти ду ҷониба анҷом диҳад, илова кардааст Эсмаилӣ.

Руҳонӣ ба Раҳмон: "якпорчагии миёни миллатҳоро фароҳам орем

Мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ 13-14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

СҲШ – ҳамчун созмони байналмилалӣ соли 2001 бо ташаббуси Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон асос дода шуд.

Сарони кишварҳои СҲШ 9 июни соли 2017 қарорери қабули  Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмонро ба имзо расониданд. Айни ҳол ба ҳайси кишварҳои нозири ин созмон  Афғонистон, Беларус, Эрон ва Манголия мебошанд. Ба ҳайси кишварҳои ҳамкори ин созмон Озорбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шинохта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0