Блогнавис Путинро ба дукони шаурмафурӯшиаш даъват кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрямая линия с президентом РФ Владимиром Путиным
Прямая линия с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Блогнавис Амиран Сардаров зимни суҳбати мустақим эълон намуд, ки ӯ дар Маскав беҳтарин нуқтаи фурӯши шаурма дорад ва ба Владимир Путин пешниҳод кард, ки омада аз он бичашад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Блогнависи рус Амиран Сардаров зимни суҳбати мустақим Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба меҳмонӣ ба нуқтаи фурӯши шаурмааш даъват кард.

Прямая линия с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Путин се мушкилии асосии соҳаи тандурустии Русияро гуфт

Зимни пахши мустақим блогнавис аз раисҷумҳури Русия дар бораи Қонун қонуни интернет суол кард. Дар охир блогнавис қайд намуд, ки ӯ дар Маскав беҳтарин нуқтаи фурӯши шаурма дорад ва Владимир Путинро даъват намуд, ки биёяд ва аз он бичашад.

Путин бо шухи ҷавоб дод: “Барои даъват сипосгузорам. Аҳсан, аз лаҳза истифода бурди шаурмаатро таблиғ кардӣ. Хеле хуб, ҳамин тавр идоме бидеҳ”, - таъкид кард Путин.

Дар ҳамин ҳол, яке аз ровиҳо ишора кард, ки шиками Путинро ҳама мехоҳанд сер кунанд. Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе суҳбати мустақими Владимир Путин, бо мардуми Русия сурат мегирад. Ҳар шарванди Русия метавонад ба роҳбари Русия мустақиман тариқи телефон, паёмакҳои телефонӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва навор суолҳои худро пешниҳод намояд. 

Чанде пеш Президенти Русия Владимир Путин дар рафти мулоқоти мустақим бо сокинони кишвараш се мушкилии асосии соҳаи тандурустии Русияро номбар кард.

Ба гуфтаи вай, машкилиҳои асосӣ ин - дастрасии ёрии аваали тиббӣ, камбудии кадрҳо ва таъмини доруворӣ мебошад.

LIVE_СПУТНИК: Прямая линия с Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
"Пахши мустақим" - суҳбати Путин бо мардуми Русия анҷом ёфт

Дар ҳамин ҳол, президент таъкид кард, ки новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушд мекунад.

Ба гуфтаи Путин, масъалаи васеъ кардани нуқтаҳои фелдшерӣ баррасӣ мешавад. Аз ҷумла, дар Русия ба нақша гирифта шудааст, ки 390 маркази тиббӣ сохта, 1,2 ҳазор марказро аз таъмири куллӣ барорад.

Раисҷумҳур аз масъулин даъват кард, ки соҳаи тандурустиро дар деҳот тақвият бахшанд ва аҳолиро бо дорувориҳои зарурӣ таъмин кунанд.

Путин таъкид кард, ки дар бархе аз минтақаҳои Русия таъмини ройгони доруворӣ бисёр хуб ба роҳ монда шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0