Гульнара Каримова, архивное фото

Миллионҳои Гулнора ба Ватан баргардонида шуд

633
(Таҷдидшуда 16:47 24.06.2019)
Гулнора Каримова, духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ахитран эълон намудааст, ки ба мақомоти Узбакистон 1,2 миллиард долларо баргардонидааст

ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Духтари Гулнора Каримова эълон намудааст, ки пулҳои модараш дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.

Духтари Гулнора дар Instagram хабареро интишор намудааст, ки гӯё худи Гулнора Каримова навишта аст.

Иман Каримова сообщила о возвращении Узбекистану активов матери
Иман Каримова сообщила о возвращении Узбекистану активов матери

Иман Каримова ин хабарро дар истинод ба саҳифаи @gulnarakarimovaupdates интишор намудааст. Дар ҳоли ҳозир ин саҳифа дастрас нест.

“Ин аввалин муроҷиати ман дар 6 соли ахир аст. Ман аз ному насабе, ки дорам масъулият эҳсос намудам ва ман вақт доштам ба рафтори худ хуб фикр кунам”, - шурӯъ кардааст Гулнора.

Духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов афзудааст, ки дар солҳои ахир хуб тағйир кардааст ва ҳоло метавонад барои кирдорҳои пешинаш худро маҳкум намояд.

“Ман мехоҳам эълон намоям, ки пулҳои шахсии ман, ки дар ҳудуди Узбакистон буданд, аз ҳисоби ман бароварда шуданд ва ҳоло барои беҳбудии кишвар равона шудааст”, - гуфт вай.

Инчунин Гулнора қайд намудааст, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамкорӣ дорад.

“Ман назди мардум ва он нафароне, ки ба ман эҳтиром доштанд ва мушкилоти маро дарк кардан пузиш мехоҳам. Ман ҳамчунин пузиш мехоҳам, ки онҳоро ноумед сохтам”, - илова кардааст Каримова.

Гулнора Каримова умедвор аст, ки миллионҳо доллари ӯ ба рушди Узбакистон, аз ҷумла лоиаҳои гуманетарӣ равона хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти расмии Узбакистон хабари мазкурро расман шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015 Каримова зери ҳабс қарор гирифт. Додгоҳ ӯро бо ҷурми ришваситонӣ ва насупоридани боҷи давлатӣ ба муҳлати 5 сол ҳабси хонагӣ карда буд. Ғайр аз ин то ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноии Каримова аз рӯи дигар амалҳои ҷиноӣ идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар моҳи декабри соли 2017 Вазорати молияи Амрико номи  Гулнораро ба рӯйхати таҳримшудагон оид ба “қонуни глобалии Магнитский” ворид карда буд.

Он вақт Вазорати молия тасдиқ карда буд, ки Каримова ташкилоти ҷиноии “синдикат”-иеро роҳбарӣ мекардааст.

633
Барчаспҳо:
Ватан, пулҳо, Гулнора Каримова, духтар, Узбакистон
Молящиеся в защитных масках в мечети

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

62
(Таҷдидшуда 18:31 08.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии коронавирус 132 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон 2 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони коронавирус дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд, дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

62

Мақомот: дар ҳамла ба зиндони Нангарҳор чор тоҷик ширкат доштанд

212
(Таҷдидшуда 18:55 08.08.2020)
Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, дар ҳамла ба зиндони Нангарҳор аз 11 муҳоҷим чор нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон буданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамла чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, се тан аз Ҳинд, як нафар аз Покистон ва се тани дигар аз Афғонистон даст доштанд.

"Ҳамаи онҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд ва шахсияти онҳо таҳқиқ мешавад. Ҳамагӣ узви гуруҳи террористии ДОИШ ҳастанд", - гуфт Фавод Амон.

Тақрибан ҳаволии соати 7 – и шоми рӯзи якшанбеи гузашта як гуруҳи мусаллаҳ худрави бомбгузоришударо дар наздикии дари вурудии зиндони Нангарҳор мунфаҷир карданд ва сипас бо нируҳои муҳофизи зиндон даргир шуданд. Ин даргирӣ ҳудуди 23 соат идома дошт ва муҳоҷимон дар ин муддат девори зиндонро бо инфиҷор шикофта, ба дохили зиндон даромаданд ва 272 зиндониро раҳо сохтанд.

Тибқи иттилои вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 11 шӯришӣ даст доштанд, ки илова бар онҳо 29 тан ғайринизомӣ низ кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд.

Суолу фарзияҳои Серенко дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ: ба “ДОИШ” монанд нест

Бино ба ин манбаъ, ҳудуди 10 узви Толибон низ аз сӯи ҷангиёни муҳоҷим кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Фавод Амон мегӯяд, ҳамла ба зиндони Нангарҳор ҷузъи як силсилаҳуҷумҳои гуруҳи террористии ДОИШ дар Нангарҳор буд.

Ба қавли ӯ, гуруҳҳои дигари муҳоҷимон дар амалиётҳои ҷудогона мехостанд шаҳри Ҷалолобод, маркази Нангарҳор ва майдони ҳавоии вилоятро бомбаборон кунанд.

"Неруҳои командуи мо бо ин муҳоҷимон дар вулусволии Беҳсуд вориди ҷанг шуда, онҳоро шикаст доданд. Як гуруҳашонро, ба шумули фармондеҳи қаттоли ДОИШ ба номи Муҳаммад Саид, зинда дастгир кардем, ки сарашон таҳқиқ ҷараён дорад ва ба зудӣ аз натиҷаи ин бозрасиҳо ба расонаҳо иттилоъ хоҳем дод", - гуфт муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар зиндони Нангарҳор ҳудуди 1,5 ҳазор маҳбус нигаҳ дошта мешуд, ки аз ин шумора 300 нафарашон доишӣ буданд ва гумон меравад, онҳое, ки муваффақ ба фирор шудаанд, узви ин гуруҳанд.

212

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон