Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро дар “Қасри истиқлолият” пешвоз гирифт

83
(Таҷдидшуда 15:22 28.06.2019)
Маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифт  

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Имрӯз, 28 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт ва бо раисҷумҳури Беларус  дар “Қасри истиқлолият” вохӯрданд, оттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Маросими истиқболи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон дар “Қасри истиқлолият”-и Беларус баргузор шуд.

Ба хотири пазироии самимӣ “Қасри истиқлолият” бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд.

Горди фахрии президентӣ, оркести асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.

83
Барчаспҳо:
Александр Лукашенко, Раҳмон, мулоқот, Белорус, Тоҷикистон
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

82
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

82
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин
Колючая проволока, архивное фото

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

147
(Таҷдидшуда 03:03 07.08.2020)
Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.

147
Барчаспҳо:
ноороми, даргирӣ, марз, Покистон, Афғонистон
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид

Нуриддин Саид бо сафири араб мулоқот кард

0
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бахусус телевизион ва радио имрӯз зимни вохӯрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба забони арабӣ низ барномаҳо таҳия ва пахш менамоянд.

Дар ин росто, истифода аз таҷрибаи ҷониби Фаластин, ки забони давлатии он арабӣ мебошад, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони кумита ва омӯзиши таъриху фарҳанги ин давлат мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии телевизион ва радиои Давлати Фаластинро, ки дар баррасии тарафҳо қарор дорад, воситаи муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати ҳарчи зудтар омода ва ба имзо расидани онро таъкид карданд.

Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дар навбати худ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардумони ду мамлакат иброз намуд.

0