Табличка на столе представителей движения Талибан, архивное фото

Толибон: нерӯҳои хориҷиро аз хоки Афғонистон бароред сипас музокирот хоҳем кард

323
(Таҷдидшуда 14:47 08.07.2019)
Дар Давҳа давраи ҳафтуми музокирот миёни ҷунбиши “Толибон” ва Амрико , ки қаблан то 9 июли соли равон муатвақиф шуда буд, баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Танҳо пас аз эълони нақшаи хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз хоки Афғонистон, ҷунбиши “Толибон” омода аст бо ҳукумати Афғонистон музокироти мустақим барпо кунад, гуфт ба хабарнигорон зимни конфронс дар Давҳа Суҳайл Шоҳин, намояндаи расмии дафтари сиёсии ҷунбиши “Толибон” дар Қатар.

“Мо тасмим дорем музокироти миёни афғонҳоро шурӯъ кунем ва тамоми масоили дар пеш истодаро баррасӣ намоем, аммо ин иқдом танҳо пас аз эълони нақшаи хуруҷи нгирӯҳои низомии хориҷӣ сурат мегирад”, - гуфт Шоҳин.

Ғанӣ гуфт, ҳукуматаш барои оштӣ бо толибон омода аст - бо кадом шарт?

Дар Давҳа давраи ҳафтуми музокироти ҷунбиши “Толибон”  ва Амрико, ки қаблан то 9 июли соли равон мутавақиф шуда буд, баргузор шуд. Тарафҳо зимни музокирот чаҳор масъларо баррасӣ доранд. Аз ҷумла тарафҳо нақшаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва оташбаси умумиро муҳокима доранд.

Тавре намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷаи Қатар дар умури мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтони таъкид дошт, намояндагони Амрико ва “Толибон” зимни музокирот ба пешравиҳои зиёде ноил шуданд.

Музокироти намояндагони Кобулу ва ҷунбиши “Толибон” дар Самарқанд баргузор мегардад

Рӯзи якшанбе дар пойтахти Қатар даври сеюми конфронси миёни афғонҳо, ки бо кумаки Қатар ва Олмон ташкил шудааст, баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 70 намояндагони афғонистон, аз ҷумла намояндагони ҷунбиши “Толибон”, ҳукумат, ҳизбҳои мухталиф ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.  

323
Барчаспҳо:
тавофуқ, Амрико, Ҳукумат, музокирот, Толибон, Афғонистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

129
(Таҷдидшуда 14:48 02.07.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Урупо ва Амрико ба сар мебаранд, аллакай авохири ин ҳафта метавонанд ба Ватан бозгарданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.

"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.

Аз Русия ба Тоҷикистон: беш аз 600 шаҳрвандони кишвар ба ватан расиданд

"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Дар баробари ин манбаъ рақамҳои телефонии сафоратҳоро овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо онҳо дар тамос шаванд.

129
Барчаспҳо:
Душанбе, Олмон, вижа, парвоз, Сомон Эйр
Президент США Дональд Трамп

Трамп: рӯз аз рӯз аз Чин бештар асабонӣ мешавам

689
(Таҷдидшуда 10:21 02.07.2020)
Раисҷумҳури Амрико, ки ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт, рӯз аз рӯ асабонияташ аз Чин бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт,  “ҳарчи бештар мебинам, ки ҳамагирии корона рӯйи зишти худро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад ва хисорати бузурге ба Амрико мезанад, бештару бештар аз дасти Чин асабонӣ мешавам”.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон Трамп Чинро ба тавлиди вируси корона ва анҷом надодани иқдомоти лозим барои пешгирии ба мавқеъ аз густариши он муттаҳам мекунанд.

Чин бо радди иттиҳомҳо эълом кардааст, ки беш аз ҳар кишвари дигаре барои паҳн наёфтанидш вируси корона дар ҷаҳон талош карда ва бештарин ҳазинаҳоро пардохтааст.

Интиқодҳо аз Трамп ба далели мудирияти нокоромади буҳрони корона дар Амрико ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Антони Фаочи, раиси Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико бо ишора ба олуда шудани рӯзона беш аз 40 ҳазор нафар ба вируси корона дар ин кишвар эълом кардааст агар шумори рӯзонаи мубталоён ба 100 ҳазор нафар ҳам бирасад, ҷойи тааҷҷуб нест.

689
Барчаспҳо:
паём, Чин, Доналд Трамп, Трамп, Амрико
Мужчина в защитной маске в городе Душанбе

Тоҷикистон ва Швейтсария ҳамроҳ бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

0
Ин масъала рӯзи 2 июл дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Имрӯз, 2 июл, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти суҳбат вазирон дар робита ба ҳамагирии COVID-19 ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария мубодилаи афкор намуданд.

"Аз ҷумла Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои маҳдуд намудани паҳншавии COVID-19 ва мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсарияро, дар ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои он таъкид намуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибци иттилои манбаъ, мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид карданд. Шарокат ва дастгирии тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон раванди амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария (5-6 ноябри соли 2019) ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин сӯҳбатро ташкил дод.

0
Барчаспҳо:
мубориза, вируси нав, Швейтсария, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон