Экс-президент президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото

Алмосбек Отамбоев ба бозпурсӣ ҳозир нашуд

378
(Таҷдидшуда 13:10 09.07.2019)
Чаро ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳозир шавам? Боз такрор мекунам: ин коғазҳоро ба даст намегирам ва намехонам. Зеро бозпурсии ман ғайриқонунист

 ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз ба идораи Вазорати умури дохилаи кишвараш барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст, хабар медиҳад Sputnik Қиғизистон.

Бар хабари манбаъ, Отамбоев изҳор доштааст, ки тамоми масоили ҳуқуқии марбут ба парвандаи ӯ аз тариқи вакили мудофеаш Сергей Слесарёв матраҳ хоҳад шуд.

“Чаро ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳозир шавам? Боз такрор мекунам: ин коғазҳоро ба даст намегирам ва намехонам. Зеро бозпурсии ман ғайриқонунист”, - менависад манбаъ аз қавли собиқ роҳбари Қирғизистон, ки дар манзили зисташ ба доираи маҳдуди рӯзноманигорон гуфтааст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ президент ба Додситонии кулл ирсол шуддомодҳои

Гуфта мешавад, дирӯз кормандони милиса ба манзили зисти Отамбоев даъватномаи бозпурсиро оварданд. Дар ин санад таъкид шудааст, ки Отамбоев бояд соати 9-и саҳари санаи 9-уми июл ба Идораи тафтишоти ВКД ҳозир шавад.

Маврид ба зикр аст, ки аввалҳои соли 2019 Вазорати умури дохилии Қирғизистон тафтишоти парвандаи ба таври ғайриқонунӣ озод шудани ҷинояткори ашаддӣ Азиз Ботукаевро оғоз кард.

27 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон мақоми дастнорасии раисҷумҳури пешинро лағв намуд. Прокуратураи генералии ин кишвар гуфтааст, ки Азиз Ботукаев бо фармони Алмосбек Отамбоев озод шудааст.

Алмосбек Отамбоев дар навбати худ ин айбномаро ба “талош барои сиёҳкунии номаш” рабт медиҳад.

378
Барчаспҳо:
бозпурсӣ, раисҷумҳур, собиқ, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон