Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров

Ғазаби Қодиров аз таҳқири Путин аз ҷониби рӯзноманигор

872
(Таҷдидшуда 15:38 09.07.2019)
Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рафтори рӯзноманигори гурҷӣ дар телевизиони "Рустави 2"-ро маҳкум кард ва онро аксияи тарҳрезишудаи манфуре номид

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз рафтори рӯзноманигори гурҷӣ Георгий Габуния, ки дар рафти пахши муштақими телевизионим "Рустави 2" президенти Русия Владимир Путин ва волидонашро таҳқир кард, сахт интиқод кардааст.

"Разилу паст! Танҳо чунин метавон номид, рӯзноманигори телевизиони Рустави 2 Григорий Габунияро! Ӯ на фарзанди Қафқоз асту на марду асту на кӯҳӣ! Дар Қафқоз мард ҳатто нисбати хунталабаш ба худ иҷозат намедиҳад, ки чунин калимаҳоро гӯяд. Габуния тарсуи модарзод аст", - навиштааст Қодиров дар канали Телеграми худ.

Қодиров афзудааст, ки ҳодисаи мазкур дар канили "Рустави 2" - ин шармандагии миллати гурҷӣ ва Гурҷистон аст.

Роҳбари Чеченистон кӯшиши нафаронеро, ки ин ҳодисаро танҳо ба як рӯзноманигор рабт додан мехоҳанд, ноӯҳдабаро намидааст. Ба гуфтаи вай, ҳодиса аксияи тарҳрезишудаи манфуре буд.

"Нақшаи корро худи телеканал кашида буд. Агар не, дар ҳамон лаҳза пахши мустақими  Габуния қатъ карда мешуд", - таъкид доштааст вай.

Қодиров афзудааст, ки Габуния на танҳо Владимир Путин, балки тамоми мардуми Русияро таҳқир кардааст.

Роҳбари Чеченистон даъво кардааст, ки барои ин кирдори рӯзноманигор дар бояд сарвазири Гурҷистон Мамук Бахтадзе ва президенти кишвар Саломе  Зурабишвили расман аз Владимир Путин узр хоҳанд.

Ҳамчунин зидди рӯзноманигори гурҷӣ бояд парвандаи ҷиноӣ боз кард, мегӯяд Қодиров.

Қазияи "Рустави 2"

Шоми 7 июл ровии гурҷӣ Георгий Габуния барномаи муаллифиашро дар телевизиони "Рустави 2" бо таҳқири раисҷумҳури Русия ва волидони президент оғоз кард.

Пас аз рақобат бо Конор: Ҳабиб дар феҳристи Топ-100 варзишкори маъруфи ҷаҳон

Ин кори рӯзноманигор дар ҷомеаи Гурҷистон ҳангомаеро ба миён овард. Ду рӯзи ахир аст, ки дар назди телевизион тазоҳурот идома дорад ва сокинон талаб доранд, ки ин рӯзноманигор аз кор ронда шавад.

Мудири кулли телевизион Николоз Гварамия расман аз президенти Русия узрхоҳӣ намудааст.

Габунияро ба ду моҳ аз эфир пеш карданд.

872
Барчаспҳо:
Рамазон Қодиров, Владимир Путин