Паломники становятся на молитву вокруг Каабы в мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото

Гирифтани селфӣ дар Ҳаҷ ҷоиз аст?: посухи рӯҳонӣ

420
(Таҷдидшуда 16:59 09.07.2019)
Муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия, Рӯшан Аббосов дар бораи расмгирию паҳнкуниии аксҳо зимни зиёрати хонаи Худо гуфт

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бо истифода аз техникаи ҳозираамон одамон мехоҳанд, ҳузури худро дар маконҳои муқаддас сабт карда ба хешовандону наздикон нишон бидиҳанд.

Ба гуфти муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия, Рӯшан Аббосов ин амал мамнӯъ нест.

Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

Вале Ҳаҷ, замони поксозии рӯҳу ҷон аст. Вале аксари ҳоҷиён ҳангоми зиёрати Каъба ба ҷои намозгузорӣ ба "селфидан" ва аксбардорӣ машғул мешаванд.

"Аз ҳама муҳимаш ин, ки инсон набояд зиёрати хонаи Худоро ба "селфиҳаҷҷ" табдил диҳад. Ӯ бояд бо орзуи ҳоҷӣ шудан ва адои як рукни ислом ба хонаи Худо биёяд. Вай метавонад акс бардораду ба ҳамкорон ё ёру дӯстонаш бифиристад, вале бидуни таассубкорӣ", — гуфт Рӯшан Аббосов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ агар ҳоҷӣ бо мақсади сирф таълимӣ расми Ҳаҷҷро ба навор бигирад боке нест.  Ин бар хилофи шариат нест. Вале селфидан ва паҳнкунии он дар Instagram набояд, ҷавҳари аслии ҳаҷҷро, ки сафарест барои пок шудан аз гуноҳҳо ва ба ҷой овардани шукри Худо, халал расонад.

Зиёрати хонаи Худо ё хонасозӣ барои камбизоате? Раҳмон роҳи гирифтани савоби ҷорияро гуфт

"Афзалиятро бояд донист. Чун ҳадафи аслии Ҳаҷ ин ибодат аст", - шарҳ дод Аббосов.

Руҳонӣ илова кард, ки дар Масҷиди ҷомеъи Маскав рӯзҳои якшанбе курсҳои вижа гузаронида мешаванд, ки дар он ба ҳоҷҷиён тарзи дурусти зиёрати хонаи Худоро мефаҳмонанд.

420
Барчаспҳо:
Рӯшан Аббосов