Донишҷӯй Путинро диду аз ҳуш рафт Навор

2079
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми аз ҳуш рафтани донишҷӯй мулоқоташро қатъ намуда, хоҳиш мекунад, ки ба духтар ёрӣ расонанд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Донишҷӯйи донишгоҳи федеролии Урал ҳангоми мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин аз ҳуш рафт.

​Дирӯз бегоҳи Владимр Путин ба Екатеренбург сафар кард. Дар доираи сафараш роҳбари кишвар бо донишҷӯёни донишгоҳи федеролии Урал вохӯрд.

Мулоқоти донишҷӯён бо Путин дар фазои саволу ҷавоб сурат гирифт. Бо гузашти як соат аз оғози мулоқот яке аз донишҷӯён аз ҳуш рафта ба фарш меафтад.

Бо дидани ин воқеа Путин суханронияшро қатъ мекунад ва хоҳиш мекунад, ки ба духтар ёрӣ расонед. Дар навор дида мешавад, ки Путин бисёр бо диққат ҳаракати ёрдамчиёнашро мушоҳида мекунад.

“Ба духтар ёрӣ диҳед. Оҳиста-оҳиста бардоред”, - мегуяд Путин.

Баъди баровардани духтар аз толори мулоқот Путин хоҳиш кард, ки барои ин духтар табиб пайдо кунанд.

“Умедворам ягон чизи ҷиддие рух надодааст”, - илова намуд Путин.

Дар навор дида мешавад, ки чигуна ҷойнишини роҳбари ҳукумати Русия лоид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ Татяна голикова аз қафои духтар аз толор берун мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Путин ҳангоми мулоқот бо донишҷӯён дар бораи рушди соҳаҳои нав дар ҷодаи илм ва маориф суҳбат кард.

2079
Барчаспҳо:
беҳушӣ, донишҷӯй, навор, Путин
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

178
(Таҷдидшуда 14:48 02.07.2020)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Урупо ва Амрико ба сар мебаранд, аллакай авохири ин ҳафта метавонанд ба Ватан бозгарданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.

"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.

Аз Русия ба Тоҷикистон: беш аз 600 шаҳрвандони кишвар ба ватан расиданд

"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Дар баробари ин манбаъ рақамҳои телефонии сафоратҳоро овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо онҳо дар тамос шаванд.

178
Барчаспҳо:
Душанбе, Олмон, вижа, парвоз, Сомон Эйр
Президент США Дональд Трамп

Трамп: рӯз аз рӯз аз Чин бештар асабонӣ мешавам

727
(Таҷдидшуда 10:21 02.07.2020)
Раисҷумҳури Амрико, ки ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт, рӯз аз рӯ асабонияташ аз Чин бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт,  “ҳарчи бештар мебинам, ки ҳамагирии корона рӯйи зишти худро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад ва хисорати бузурге ба Амрико мезанад, бештару бештар аз дасти Чин асабонӣ мешавам”.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон Трамп Чинро ба тавлиди вируси корона ва анҷом надодани иқдомоти лозим барои пешгирии ба мавқеъ аз густариши он муттаҳам мекунанд.

Чин бо радди иттиҳомҳо эълом кардааст, ки беш аз ҳар кишвари дигаре барои паҳн наёфтанидш вируси корона дар ҷаҳон талош карда ва бештарин ҳазинаҳоро пардохтааст.

Интиқодҳо аз Трамп ба далели мудирияти нокоромади буҳрони корона дар Амрико ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Антони Фаочи, раиси Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико бо ишора ба олуда шудани рӯзона беш аз 40 ҳазор нафар ба вируси корона дар ин кишвар эълом кардааст агар шумори рӯзонаи мубталоён ба 100 ҳазор нафар ҳам бирасад, ҷойи тааҷҷуб нест.

727
Барчаспҳо:
паём, Чин, Доналд Трамп, Трамп, Амрико

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 21:01 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон