Большая Дорогомиловская улица и небоскребы делового центра Москва-сити

Манотиқи ҷолибтарини Русия барои муҳоҷирони корӣ

310
(Таҷдидшуда 16:53 11.07.2019)
Тибқи маълумоти оморӣ соли равон ба қаламрави Русия беш аз 8 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik.  Шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург,вилоятҳои Ростов ва Оренбург аз манотиқҳои нисбатан ҷолибтар барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ба ҳисоб мераванд.

Чунин маълумотро вазорати  умури дохилаи Русия нашр намуда, қайд кардаст, ки маъмулан муҳоҷирон барои дарёфти кор ва иқомат намудан ба ин минтақаҳои Русия сафар мекунанд.  

Тибқи маълумоти оморӣ, соли равон ба қаламрави Русия беш аз 8 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд. Дар маҷмӯъ бошад наздики 10 миллион нафар хориҷиҳо дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд.

Кудрин коҳиши теъдоди муҳоҷирон ва зарари иқтисоди Русияро пешгӯӣ кард

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кору иқомат мекарданд, ба 16 миллиону 800 нафар баробар буд.

Бар хабари расонаҳои рус, ҳудуди 52 дарсади муҳоҷирони корӣ, ки ба қаламрави Федератсияи Русия ворид мешаванд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Украина мебошанд.

Пажуҳишгоҳи назди раисҷумҳур теъдоди дақиқи тоҷикистониҳоро дар Русия гуфт

Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар мекунанд, наздики 4 миллионашон муҳоҷирони кории муваққатӣ ҳастанд.

Аз ин шумора 37,2 дарсад шаҳрвандони Узбакистон, 21,5 фисад аз Тоҷикистон ва 11,4 дарсади дигарро шаҳрвандони Қирғизистон ташкил медиҳанд.

310
Барчаспҳо:
интихобот, манотиқ, муҳоҷир, Русия
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

60
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

60
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

386
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

386
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак