Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Дар Брянск муҳоҷири тоҷик ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд

157
(Таҷдидшуда 16:50 17.07.2019)
Додгоҳи вилояти Брянск, муҳоҷири тоҷикро дар қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 9,5 сол аз озодӣ маҳрум намуд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Бежитский  вилояти Брянски Русия дар қиболи шаҳрванди 23- солаи Тоҷикистон ҳукм эълон намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Брянск Today, додгоҳи вилояти Брянс, муҳоҷири  тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешавад.

Бар хабари сарчашма, додгоҳи вилояти Брянск, 11 марти соли ҷорӣ ин ҷавон ба ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин вилоят боздошт шудааст. Кормандони ниҳодҳои амниятии Русия аз ӯ 237 грамм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Бежитский, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро ба муддати 9,5 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Қарор аст, ин шаҳрванди Тоҷикистон муддати ҷазоро дар маҳбаси низомаш сахт сипарӣ кунад.

Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

Қаблан Додситони шаҳри Волгогради Русия дар қиболи ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешуданд, тафтишоти пешакӣ анҷом дода барои баровардани ҳукм ба додгоҳ ирсол намуда буд. 

Гуфта мешавад,тибқи Кодекси ҷиноятии Русия барои қочоқи маводи мухаддири героин ба миқдори калон ба ин ду шаҳрванди Тоҷикистон маҳрумият аз озоди ба мӯҳлати то 20 пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти расмии Тоҷикистон, феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештари онҳо барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин мамлакат боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

157
Барчаспҳо:
зиндон, маводи мухаддир, қочоқ, тоҷик, муҳоҷир, додгоҳ, Брянск
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

92
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

92
Карантин в Узбекистане

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

509
(Таҷдидшуда 13:02 27.05.2020)
Ӯзбекистон дар ояндаи наздик чораҳои карантиниро тақвият мебахшад ва санҷиши назоратиро барои коронавирус васеъ менамояд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки чораҳои карантинӣ дар минтақаҳои кишвар ва шумораи санҷишҳо барои COVID-19 бинобар зиёд шудани шумораи ҳодисаҳои дар рӯзҳои охир ошкоршуда таҳким дода шаванд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ додааст.
Зимни мулоқот Мирзиёев қайд кард, ки роҳбарони аксари минтақаҳо ва корхонаҳои кишвар, инчунин шаҳрвандон чораҳои карантинро нодуруст қабул намуда, гумон мекунанд, ки ин беморӣ гузаштааст.

Дар робита ба ин, ӯ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони вилоятҳо супориш дод, ки минтақаҳое, ки вазъи эпидемиологӣ бадтар шудааст, баррасӣ кунанд ва оид ба тақвияти чораҳои карантинӣ пешниҳодҳо ирсол кунанд.

Вай инчунин аз Вазорати тандурустии кишвар даъват кард, ки санҷиши назоратиро барои COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, бонкҳо ва ҷойҳои серодам вусъат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Узбакистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буданд.

Қарантина дар ин кишвар аз 8 май ҷорӣ карда шуда буд. 

Қаблан муовини вазири тандурустии ин кишвар Баҳодур Юсуфалиев гуфт, ки дар Узбакистон ахиран ҳар рӯз то 60 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ гуфт, агар сатҳи беморӣ ба ҳамон суръат афзоиш ёбад, ҷумҳуриро зарур аст ба қарантинаи шадид баргардад.

Бар пояи додаҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3290 нафар расида аз он 2636 каси шифо ёфтааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 14 нафар мерасад.

509
День 28 мая

Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 03:53 28.05.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми май дар Тоҷикистн аз Рӯзи сарҳадчиён ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Эфиопия Рӯзи суқути низомӣ қайд карда мешавад

Рӯзи 28 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Рӯзи 28 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

День 27 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

Соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28май


 

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.
  • Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.
  • Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.
0