Генеральный секретарь Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) Владимир Норов

СҲШ даъват кард Афғонистон бояд ба сохтмони роҳҳо бештар ҷалб шавад

104
(Таҷдидшуда 13:51 12.08.2019)
Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, бар он бовар аст, ки ин раванд метавонад вазъи Афғонистонро муътадил созад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Яке аз омилҳои муътадилсозии вазъ дар Афғонистон метавонад ҷалби бештари ин кишвар ба лоиаҳои сохтмони шоҳроҳҳо дар Осиё бошад, гуфт дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов.

Аслов ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст

“Дар ҷараёни сохтмони шоҳроҳои минтақавӣ муҳим он аст, ки бояд Афғонистон ҷалб карда шавад. Ин раванд метавонад ба муътадилшавии вазъ дар ин кишвар мусоидат кунад”, - афзуд Норов зимни суханронӣ дар форуми иқтисодии Киспий.

СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст

Ёдрас мешавем, ки дар Афғонистон таниш миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёнӣ ҷунбиши “Толибон” идома дорад. Ҷунбиши “Толибон” қаблан минтақаҳои зиёдеро таҳти контрол гирифт.

Қабули Афғонистон ба узвияти СҲШ муҳокима мегардад

Ҳоло дар қаламраи ин кишвар афзоиши таъсири гуруҳи ДОИШ низ ба назар мерасад. Ҳоло артиш ва нирӯҳои амниятии Афғонистон дар тамоми қаламрави кишвар амалиётҳои зидди терористӣ анҷом медиҳанд.  

104
Барчаспҳо:
вазъият, ҳамкорӣ, ҷалби таваҷҷӯҳ, СҲШ, Афғонистон, Тоҷикистон
Иранские женщины сидят на автобусной остановке

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

43
(Таҷдидшуда 19:35 20.10.2020)
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз панҷ ҳазор бемори ҷадиди COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар 24 соати гузашта 5 039 бемори ҷадид дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 254 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, теъдоди беморони COVID -19 дар Эрон ба 539 670 нафар расидааст, ки то кунун 434 676 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, шабонарӯзи гузашта 322 нафар аз беморони COVID -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 034 нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 41 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 1 120 000 нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

43
Барчаспҳо:
омор, фавт, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

46
(Таҷдидшуда 18:54 20.10.2020)
Кремл изҳороти ИМА дар бораи созишномаи СНВ-3 - ро шарҳ дода қайд кард, ки равобит барои суботи стратегӣ бо ИМА идома хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар суҳбат бо радиои Sputnik, сиёсатшинос Константин Блохин гуфт, гуфтушунид бо кадом сиёсатмадор дар ин бобат осотар хоҳад буд.

Гарчанде ҷониби Амрико аз пешниҳоди Владимир Путин дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3 ба муҳлати як сол даст кашид, Маскав умед дорад, ки алоқа бобати суботи стратегӣ ва тамдиди созишномаи СНВ-3 идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Пештар Қасри Сафед изҳор дошт, ки аз пешниҳоди Путин барои тамдиди созишномаи ҷорӣ барои як сол, бидуни шарту шароити пешакӣ даст мекашад.

"Мо умед дорем, ки ба ҳар ҳол, равобит бо ҷаниби Амрико идома хоҳад ёфт. Дар умум, албатта чуноне президент гуфт, тамдиди ин созишнома имкон медиҳад, ки вақт, ҳамин 12 моҳро барои гуфтушуниди ҷиддӣ оиди масоили назорати силоҳ, аз худ кунем", - гуфт Песков.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки маҳрум кардани тамоми ҷаҳон аз ин "санги асосии субот ва амнияти ҷаҳонӣ" оқибатҳои хеле харобиовар хоҳад дошт.

"Барои ҳамин, албатта мо мехоҳем аз ҳамтоёни амрикоиямон омода будан барои тамдидро бишнавем", - қайд кард сухангӯи президент.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар ин самт ягон пешравӣ дида намешавад. Вале чунин ҳолат маънои онро надорад, ки "равобитро пурра бояд қатъ кард".

Корманди илмии Маркази таҳқиқотии амнияти АИР, сиёсатшинос Константин Блохин дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, тақдири ин созишнома аз он вобаст аст, ки дар интихоботи дар пешистодаи ИМА, кӣ пирӯз мешавад.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - YouTube
Ruptly / Sputnik / dvids / FoX News / us department of defense / twitter.com/realDonaldTrump

"Намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар навбати аввал Чинро бад мебинад ва СНВ-3 - ро бо Чин пайванд медиҳад. Дуюм, Ҳизби Ҷумҳурихоҳон кӯшиш дорад, назорати яроқро нобуд созад. Ёдрас мешавам, ки дар аҳди Ҷорҷ Буши хурдӣ, амрикоиҳо аз созишномаи ПРО баромаданд, худи Трамп созишнома оид ба мушакҳои дурпарто ва Созишнома оид ба осмони кушодро бекор кард. Агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, эҳтимои баромадан аз созишномаи СНВ-3 хеле зиёд аст , - гуфт Блохин.

Коршинос мегӯяд, агар намояндаи демократҳо Ҷо Байден пирӯз шавад, эҳтимоли тамдиди созишнома вуҷуд дорад.

"Чун анъана, ҳизби демократҳо тарафдори он аст, ки дар мавзӯи суботи стратегӣ бо ҷониби Русия гуфтушунид кунад. Ёдовар мешавам, ки маҳз дастгоҳи Обама ҳамроҳ бо Дмитрий Медведев созишномаи ҷориро имзо карда буданд. Вале, сарфи назар аз он, ки кӣ президент мешавад, бастани созишнома дар давоми чанд моҳ номумкин аст. Барои ҳамин бояд кӯшиш кард, то онро тамдид намуд, то дар давоми соли оянда созишномаи нав имзо шавад. Ин идея ҷолиб аст", - қайд кард коршинос.

START III ягона Созишномаи мавҷудаи маҳдудкунандаи яроқ миёни Русия ва ИМА мебошад. Муҳлати созишнома 5 феврали соли 2021 ба итмом мерасад ва агар он тамдид нашавад, дар ҷаҳон абзоре барои маҳдуд кардани силоҳҳои бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ боқӣ намемонад.

START III - 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Дар он пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб арсеналҳои ҳастаии худро тавре коҳиш медиҳад, ки дар давоми ҳафт сол ва дар оянда шумораи умумии силоҳ аз 700 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандози вазнин, инчунин 1550 кулоҳак ва 800 партоби мустақар ва мустақаршуда зиёд набошад.

46
Барчаспҳо:
ИМА, Русия
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков