Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана

Таҳрим ҳам монеа нашуд: Эрон ҳаҷми содироташро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст

231
(Таҷдидшуда 21:08 12.08.2019)
Ҳаҷми содироти Эрон ба Русия, ки дар гузашта камтар аз 10 дарсад буд, имрӯз чор баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино бар гузориши ИРНА, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия ахиран дар шаҳри Маскав ба имзои санади коридори сабзи гумрукӣ миёни Эрон ва Русия ба манзури тавсиаи равобити тиҷории ду кишвар ишора кард ва афзуд: Писта, кишмиш ва хурмо аз ҷумлаи колоҳои содиротии Эрон ба Русия ҳастанд.

Русия ва Эрон кортҳои бонкии худро ба ҳам мепайванданд

Сафари Эрон дар Русия ҳамчунин бо ишора ба афзоиши 10 баробарии равобити ду кишвар дар ҳавзаи туризм ва гардишгарӣ тасреҳ кард:

Раҳмон раисҷумҳури Эронро ба Иди Қурбон табрик кард

Лоиҳаҳои муштараке низ бо Русия аз ҷумлаи сохти чор нерӯгоҳи ҳароратӣ дар устони Ҳурмузгон, Нерӯгоҳи Бушеҳр, барқӣ кардани роҳи оҳани Гармсор-Инчабурун ва қарордоди сохт ва тавлиди муштараки беш аз 6 ҳазор вагони борӣ дар ҳоли иҷрост.

Ба гуфтаи Саноӣ, ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои дифоӣ ва низомӣ ҳам ба хубӣ дар ҷараён аст ва дар солҳои ахир нақши муҳиме дар эҷоди сулҳу субот дар минтақа ийфо кардааст.

231
Барчаспҳо:
таҳрим, афзоиш, содирот, Русия, Эрон