Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото

Дар Самара як тоҷикистониро барои интиқоли 25 кило героин 12,5 сол зиндонӣ намуданд

113
(Таҷдидшуда 13:56 14.08.2019)
Додситони вилояти Самара ҳукми як тоҷикистониро барои интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми калон эълон намудаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бар хабари Додситони вилояти Самара, шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми 25 килограмм боздошт шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда аз 23 то 24 - уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Толятӣ аз ашхоси номаълум маводи сахттаъсири героин ба миқдори 25 килограммро дарёфт намуда, дар автомашинаи шахсияш паноҳ намудааст.

Додгоҳи Русия ҳукми 8 шаҳрванди Тоҷикистонро эълон мекунад: рӯйхати айбдоршавандаҳо

Зимнан шаҳрванди тоҷикистонӣ рӯзи 24 - уми ноябри ҳамон сол аз шаҳри Толятӣ ба самти шаҳри Кемерова ҳаракат дошт, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар роҳ боздошт гардид, хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, зимни аз назар гузаронидани автомашинаи ӯ, кормандони пулис аз дохили он 25 кило маводи сахттаъсири героинро дарёфт ва мусодира намуданд.

Даромад аз гардиши нашъа дар Афғонистон ва ё ҷанг бо "Толибон" бо пули худи онҳо

Додгоҳ бо назардошти хулосаи додситонӣ, айбдоршавандаро гунаҳкор донист ва ӯро ба мӯҳлати 12 солу 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ  дар муасисаи ислоҳии низомаш шадид маҳкум намуд.

Гузашта аз ин маҳкумшуда муваззаф гардид, ки ҷарима ба андозаи 200 000 рубли русиро низ пардохт кунад.

113
Барчаспҳо:
героин, боздошт, тоҷик, шаҳрванд, Самара