Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 17 августа
День 17 августа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 17 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.

Рӯзи 14 август - Sputnik Тоҷикистон
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 14 август дар таърих

Соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.

Соли 1943 Португалия ба Англия иҷозат дод, ки Ҷазираи Азорро ҳамчун пойгоҳи авиатсионӣ истифода барад.

Соли 1959  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома ба имзо расонид.

Соли 1858 нахустин бор миёни Америка ва Урупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.

Соли 1922 дар Ню-Йорк калонтарин толори рақсӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардидааст.

Рӯзи 17 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2016  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" — ро барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Соли 2006 дар шаҳри Сочии Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРабочая встреча президента РФ В.Путина с президентом Таджикистана Э.Рахмоном
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Рабочая встреча президента РФ В.Путина с президентом Таджикистана Э.Рахмоном

Соли 2011 дар қароргоҳи Шӯрои Урупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия, Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Урупо — Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуда, ӯро бо ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.

© Sputnik / Амир ИсаевТимур Зульфикаров, архивное фото
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Тимур Зульфикаров, архивное фото

Соли 2018 сафари таърихии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати бузурги ҳукуматдорони тоҷик ба Узбакистон ва мулоқот бо раисиҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев сурат гирифт. Дар паи ин сафар чандин санади ҳакорӣ имзо шуду, кишвардорон дар барномаи "Шоми дӯстӣ" ширкат карданд. Шавкат Мирзиёев дар барнома ба забони тоҷикӣ ҳарф зад.

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Ҷашнҳои рӯзи 17 август

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

Дар Габон –  Рӯзи истиқлолият.

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 17 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

  • Лайлӣ Бобоева (1963) – доктори илми фалсафа.
  • Темур Зулфиқоров (1936) – адиби руснигори тоҷик.
  • Леонид Корнеев (1909 – 1987) – рассом ва актёри театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • Ашўра Носирова (1924) – раққоса, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
  • Тўйчӣ Самадӣ (1909 – 1986) – мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Михаил Табачников (1930) – нависанда.
  • Ҳадя (Саломат Раҷабова) (1948)- шоира.

Рӯзи 17 август дар Тоҷикисто кӣ даргузашт

© Исполнительный орган государственной власти города КанибадамБывший мэр города Канибадам Бибихон Азизова, архивное фото
Субҳ ба хайр: рӯйдодҳои рӯзи 17 август дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Бывший мэр города Канибадам Бибихон Азизова, архивное фото
Лентаи хабарҳо
0