Меҳмони нав: Доналд Трамп бори 10 - ум бобо шуд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп боз соҳиби як набераи дигар шудаст. Навзод набераи даҳуми президент Трамп ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп маротибаи даҳум бобо шудаст: писари ӯ Эрика соҳиби духтарча шудаст.

Ҳанӯз моҳи апрели соли равон писари Доналд Трамп изҳор намуда буд, ки ҳамсараш Лара ҳомила буда дар зудтарин фурсат онҳо соҳиби фарзанд мешаванд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

"Лара Трамп ва ман аз таваллуди фарзандамон Каролина Дороти Трамп бисёр хуш ҳастем ва қадамашро ба ин дунё шодбош мегӯем. Мо ӯро аллакай дӯст медорем", - навиштааст Эрик Трамп дар сафҳаи Twitter.

Бояд гуфт, ки нахуст фарзанди онҳо моҳи октябри соли 2017 ба дунё омада, ӯро Эрик Люк ном гузоштанд.

Трамп барои муддате аз курсии президентӣ "канор" меравад

Гузашта аз ин президент Трам аз писараш Доналд Трампи хурдӣ 5 набера ва аз духтараш Иванки 3 набера дорад.

Доналд Трамп 73 сола буда, дар синни 70 солагӣ ба маснади раисҷумҳурии Амрико нишаст ва аз президентҳо кӯҳансолтарини ин кишвар баъд аз Роналд Рейгана, ки дар синни 69 солагӣ президент интихоб шуд, ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0