Сӯхтори шадид дар Петербург: як муҳоҷири тоҷик ва як узбак дар ҳолати беҳушӣ қарор доранд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкПожар в Санкт-Петербурге
Пожар в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оташнишонон давоми 19 соат мешавад, ки бо сӯхтори шадид дар кӯчаи Складскойи Петербург мубориза мебаранд. Масоҳати оташсӯзи 4 000 метри мураббаъро ташкил дода, бар асари он ду нафар муҳоҷирон аз Осиё сахт ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сӯхторе, ки аз нисфирӯзи дирӯз дар яке аз анборҳои ноҳияи Невские шаҳри  Петербург сар зада буд, дар чаҳор соли охир аз бузургтарин оташсӯзӣ дар ин манотиқ арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад сомонаи Фонтанка.ру.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон: омилони оташсӯзии Осияи 6-сола муҷозот намешаванд

Ба иттилои манбаъ, оташнишинон давоми 19 соат бо алангаи оташ мубориза бурда, феълан ба хомӯш намудани оташ дар 50 метри мукааби дигар машғуланд.

Оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Қазоқистон аз марзи 2,5 ҳазор гектар ҳам гузашт

Манбаъ меафзояд, ки бар асари оташсӯзӣ ду муҳоҷири корӣ, ки яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Узбакистон буда, дар анбори мазкур фаъолият мекарданд. сахт ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад 30 дарсади бадани шаҳрванди 31 - солаи Тоҷикистн аз оташ осеб ёфта, ҳамзамон дуди ғализе, ки муҳоҷир нафас кашидаст роҳҳои нафаси ӯро сӯзондаст.

Сӯхтори шадид дар кони нафт дар Қазоқистон

Инчунин  дасту пой ва руйи шаҳрванди 27 - солаи Узбакистон низ аз оташсӯзӣ сахт осеб дида ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Манбаъ меафзояд, ки оташсӯзи дар фурсати кӯтоҳ ба ошёнаҳои боло паҳн шуда масоҳати умумии сӯхтор ба 4000 метр мураббаъ расида буд.

Лентаи хабарҳо
0