Президент Украины Владимир Зеленский

Зеленский сарвазири нави Украинаро интихоб намуд

364
Дар ояндаи наздик раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский номзадии сарвазири навро ба Рада пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский сарвазири навро интихоб намудаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Зеленский шарти асосии баргаштани Русия ба ҳафтгонаи бузургро пешниҳод кард

Бар хабари манбаъ, Зелинский дар ин мақом Алексей Гончарукро интихоб намудаст ва дар кӯҳтотарин муддат номзадии ӯро барои интихоб пешкаши Радаи болоӣ хоҳад намуд.

"Раисҷумҳур Владимир Зеленский номзадии Гончарукро ба парлумон пешниҳод мекунад, то дар мақоми сарвазири Украина ӯро интихоб намоянд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонуни дар Украина амалкунанда, сарвазир аз ҷониби парлумони кишвар бо пешниҳоди раисҷумҳур интихоб мешавад.

Хабар дода мешавад, ки рӯзи 28 август Зеленский тасмим гирифтаст, ҷасалаи парлумониро барои интихоби номзадҳои нави аъзои парлумон  доир намояд.

Қобили зикр аст, ки Алексей Гончарук 7 июли соли 1984 таваллуд шудаст. Номбурда қаблан ба ҳайси  мушовири ноиби сарвазири Украина Степан Кубиков фаъолият намуда буд. Сипас соли 2019 бо қарори Зеленский,Гончарук муовини роҳбари  дастгоҳи президенти Украина интихоб гардид.

364
Барчаспҳо:
интихоб, сарвазир, Украина
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Чин доруи зидди коронавирусро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

605
(Таҷдидшуда 14:19 31.05.2020)
Чин дар баробари талоши ҷаҳон барои ба даст овардани доруи зидди коронавирус эълон намудаст, ки ваксинро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.Чин рӯзи якшанбе эълом кардаст,  дар ҳоли ҳозир панҷ ваксинаи зидди коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли гузарондани марҳалаҳои мухталиф аз ҷумла озмоишҳои клиникӣ ҳастанд.

Бар хабари шабакаи Алъолам, ваксинаи муштараки озмоишгоҳи биологики Ухан пешрафти бештаре дорад ва эҳтимолан то поёни соли ҷорӣ  равонаи бозор гардад.

Ин ваксина, ки акнун дар марҳалаи дуввуми озмоиш қарор дорад то кунун рӯи ду ҳазор нафар озмоиш шуда ва зарфияти тавлиди солона 100 миллиард  дозаро дорад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Замони озмоиши ваксин алайҳи коронавирус дақиқ шуд

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.ead more: https://sputnik-tj.com/health/20200531/1031328665/Avifavir-nakhustin-dorui-ziddi-COVID-19-dar-Rusiya-az-sui-Vazorati-tandurusti-tasdiq-shud.html

605
Барчаспҳо:
бозор, дору, Чин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

646
Субҳи имрӯз дари беш аз 90 ҳазор масоҷид пас аз танаффуси тӯлонӣ ба рӯйи намозгузорон дар Арабистони Саудӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зиёда аз 90 ҳазо масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.

Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.

"Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.

 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

646
Барчаспҳо:
намоз, масоҷид, Арабистони Саудӣ
Рынок в Душанбе Корвон

Эълони ҳукумати Душанбе дар бораи кори бозорҳо, кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои мошиншӯйӣ

1164
(Таҷдидшуда 21:25 31.05.2020)
Ҳукумати Душанбе қарор кардааст, ки бозорҳои либосфурӯшӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, телефонфурӯшӣ ва кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо то нимаи июн баста мемонанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Котиботи ҳукумати Душанбе ҳадафи қарорро ҷилавгирӣ аз сирояти  COVID-19 гуфта, таъкид намудааст, ки ҳамаи бозорҳои либосфурӯшию кошонаҳои ҳусн, сарфи назар аз моликияташон то 15 июн баста хоҳанд буд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон карда буд.

1164
Барчаспҳо:
бозор, нуқтаи назар, Тоҷикистон