Мусульманская свадьба, фото из архива

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба издивоҷи духтари 11 - сола ва ҷавони 22 - сола дар Эрон

726
(Таҷдидшуда 12:22 04.09.2019)
Навори издивоҷи духтари 11 - сола бо ҷавони 22- сола дар Эрон, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, боиси хашми корбарон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Издивоҷи онҳо пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, бекор карда шудаст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қазоқистон.

Навори маросими ақди никоҳ аз сӯйи хабарнигори эронӣ Масиҳ Алинажод дар сафҳаи Twitter нашр шуд ва  пас аз чанде зери борони интиқоди шадиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт.  

Масиҳ Алинажод дар сафҳаи худ қонунҳои Ҷумҳурии Эронро, ки духтарони зери 13-соларо ба шавҳар медиҳанд, шадидан маҳкум намуда, мзҳор намуд, ки кӯдаконро маҷбур ба издивоҷ мекунанд ва барои онҳо сару либосӣ арӯсиро худи волидонашон интихоб мекунанд.

Зимнан пас аз баланд шудани сару садоҳо бобати издивоҷи кӯдаки ноболиғ бо ҷавони 22 - сола, мақомоти Эрон дархост намуданд, то никоҳӣ ин ҷавон бо кӯдаки хурдсол бекор карда шавад.

Дар Узбакистон синни издивоҷро барои духтарон як соли дигар боло бардоштанд

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  изҳор намуданд, ки ин издивоҷ нест, балки таҷовуз ва майли ҷинсӣ ба кӯдакон аст.

Аммо ҷониби хонаводаи домод дар ҷавоб ба хашми корбарон гуфтанд, ки  бо ин роҳ онҳо мехостанд ба арӯсу домод вақт диҳанд, ки бо якдигар ошно шаванд ва ба ҳамдигар одат кунанд.

 

726
Барчаспҳо:
тӯй, Эрон

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

439
(Таҷдидшуда 10:10 22.09.2020)
Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гирон Ҳивод, сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст.

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Толибон бисёр хуб муомила мекунад.

“Онҳо бисёр сарсахт, боҳуш ва тезбин ҳастанд, аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд”, - таъкид дошт Трамп

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шудааст.

“Давлати Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад”, - Гирон Ҳивод.

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон, илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ, 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд.

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд, дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад.

439
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, вокуниш, Толибон, Раисҷумҳур, Амрико, Афғонистон
Анатолий Альштейн

Алштейн афзоиши бемории коронавирусро дар ҷаҳон шарҳ дод

348
(Таҷдидшуда 18:59 21.09.2020)
Вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар бораи вазъи афзоиши паҳншавии коронавирус ибрози назар кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Ҳоло дар бораи мавҷи дуюми коронавирус сӯҳбат кардан душвор аст, гуфт вирусолог, доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алштейн дар муколама бо Sputnik Латвия.

Коршинос илова кард, ки дар бораи хуруҷи нави паҳншавии COVID-19 бо боварӣ метавон танҳо дар Испания сӯҳбат кард, ҳарчанд афзоиши беморӣ дар бисёр кишварҳои дигар мушоҳида мешавад.

"Бояд қайд кард, ки афзоиш ва мавҷи дуввуми коронавирус бо коҳиши шадиди марг ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо дар сатҳи 1% ва аз он камтаранд", - гуфт Алштейн.

Вирусшинос қайд кард, ки коҳиши фавт метавонад сустшавии вирусро нишон диҳад ("суст шудан" -и вирус, коҳиш ёфтани патогенияти он - ред.), Аммо ба эҳтимоли зиёд усулҳои табобати беморони ковид хеле беҳтар шудаанд.

Профессор афзуд, ки бояд тақвияти дубораи чораҳои зидди эпидемиро интизор шуд, аммо онҳо на бо кӯмаки мамнӯъиятҳо, балки дар заминаи мусоидат ба риояи меъёрҳои санитарӣ тақвият дода мешаванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт табобати коронавирусро бо гиёҳ иҷозат дод

Алштейн шарҳ дод, ки чаро дар ҷаҳон беморони гирифтори коронавирус зиёд мешаванд.

"Як омил ин аст, ки одамон бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва аз риояи чораҳои асосии зидди эпидемия даст мекашанд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемориҳои шадиди роҳи нафас одатан тирамоҳ меафзояд ва COVID-19 яке аз онҳост", - гуфт вирусшинос.

Алштейн изҳори итминон кард, ки барои башарият ҳеҷ фалокате наздик нахоҳад буд, алахусус бо назардошти кори ваксина дар Русия ва дар саросари ҷаҳон.

348
Команда кулябский «Равшан»

Баъди 26 соли интизорӣ: "Равшан" ба давраи ниҳоӣ баромад

0
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Баъди 26 соли интизорӣ дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  байни  дастаҳои  футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  дар сатҳи баланд  баргузор  гардид.

"Дар сабқат "Равшан" дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и  шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб  намуда, баъди  26 соли интизорӣ   ба финали  Ҷоми Тоҷикистон-2020  роҳ  ёфт", - менависад манбаъ.

Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид. 

Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  пагоҳ,  23  сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Дастаи  мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо  дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

0