Президенты Таджикистана и Кыргызстана на переговорах

Жээнбеков ба Раҳмон: "бовар дорам, муносиботи дӯстонаи мо тақвият хоҳад ёфт"

152
(Таҷдидшуда 17:51 07.09.2019)
Раисиҷумҳури Қирғизитон ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳори боварӣ кардааст, ки минбаъд низ муносиботи дӯстонаи ду кишвр тақвият хоҳад ёфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Сооронбой Жээнбеков дар номаи табрикотиаш ба муносибати 28-солагии истиқлоли давлатӣ гуфтааст, ки "аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям".

Жээнбеков афзуда, ки муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, хусусан таъсирбахш мебошанд.

Номаи Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

"Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду давлат тақвият хоҳанд ёфт", - омадааст дар номаи шодбошӣ.

Дар охир Жээнбеков бо истифода аз ин фурсат, ба Эмомалӣ  Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ  комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

152
Барчаспҳо:
истиқлол, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)

Фавти 20 сарнишини ҳавопаймо дар Ҳиндустон: аснои фурӯд омадан ду қисм шуд - навор

81
(Таҷдидшуда 15:27 08.08.2020)
Ҳавопаймои Boeing 737 аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз мекард ва гуфта мешавад дар дохили он аз 170 то 194 сарнишин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.

Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.

Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.

Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.

Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

81
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик

Омори ҷадиди коронавирус дар ҷаҳон: беш аз 6 000 нафар дар як рӯз фавтиданд

83
Созмони ҷаҳонии беҳдошт охирин маълумот дар мавриди сироятшудагону шифоёфтагон ва ҳамчунин қурбониёни маризии коронавирус нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. СҶБ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон боз беш аз 283 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Ба ҳамин минвол, алъон теъдоди умумии сироятёфтагон ба ин маризӣ 19 546 748 нафарро ташкил медиҳад.

Дар як рӯзи охир аз ин маризӣ 6448 бемор ҷон бохтанд, ки шумораи умуми қурбониён акнун ба 724 123 нафар расидааст.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Манбаъ меафзояд, дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 154 118 нафар сироят ёфта, 4 598 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 473 нафар ва ҳолатҳои фавт 416 кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дарн ҷойи сеюм қарор дорад, давоми шабонарӯзи гузашта 67 863 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 999 беморон вафот кардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 7,5 ҳазор дардмандони коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дасти кам 62 мариз ҷон аз даст доданд.

83
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

ТУТ ҳолатҳои "пневмония" -ро дар Туркманистон мустақилона тафтиш мекунад

0
(Таҷдидшуда 16:24 08.08.2020)
Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зарурати дубора санҷидани ҳолатҳои пневмония дар Туркманистонро эълом карданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯзи гузашта видеоконфронс миёни президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммадов, директори генералии ТУТ Тедрос Адан Гебрейюс ва Директори минтақавии ин созмон Ханс Клуге баргузор гардид.

Дар ин бора Ханс Клуге дар сафҳаи Facebook-и худ хабар дод.

"ТУТ аз афзоиши шумораи бемориҳои пневмония дар Туркманистон бо озмоишҳои манфӣ барои COVID-19 изҳори нигаронӣ карда, аз мутахассисони маҳаллӣ даъват кард, ки мустақилона санҷишҳоро барои COVID-19 дар кишвар гузаронанд ва инчунин онҳоро ба лабораторияҳои аврупоии ТУТ фиристанд" гуфтааст Клуге.

Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба зарурати ин тадбирҳо розӣ шудааст.

Инчунин, Президенти Туркманистон дар бораи "пневмонияи этимологияи номаълум, ки дар минтақа зуд паҳн мешавад, хабар додааст. Нуктаи назар вуҷуд дорад, ки ин беморӣ дар пайи коронавируси нав ба вуҷуд омадааст", иқтибос овардааст нашрияи "Хроники Туркменистана" аз Бердимуҳаммадов.

Пас аз муколама бо СУТ, Бердимуҳаммадов вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва вазири тандурустӣ Нурмуҳаммад Аманнепесовро ба наздаш хондааст, ки ҷузъиёти гуфтугӯи онҳо мушаххас нашудааст.

Коронавирус нест, аммо: дар Туркманистон пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шуд

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмии Туркманистон, то ҳол ҳамчун кишвари бидуни коронавирус боқӣ мондааст. Ҳамзамон, ташрифи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҷумҳурӣ якчанд маротиба мавқуф гузошта шуд ва расонаҳои маҳаллӣ дар бораи ҳолатҳои вуҷуди COVID-19 бо истинод ба манбаъҳо иттилоъ доданд.

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

Пас аз ташрифи ТУТ ба ҷумҳурӣ ва шӯрои "чораҳое андешида шаванд, ки гӯё коронавирус аллакай дар ин кишвар аст" Туркманистон масҷидҳоро баста, режими ниқоб ва дигар чораҳоро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 ҷорӣ кардааст.

0