Портфель, архивное фото

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур беш аз 30 корманди баландрутбаи амниятиро аз вазифа озод кард

3477
(Таҷдидшуда 13:15 10.09.2019)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 7- уми сентябр, бо тасвиб намудани қарори №425, як қатор кормандони баландрутбаи амниятиро аз курсиҳои ишғолкарда маҳрум кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Наздики 30 нафар аз кормандони баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро раисҷумҳур Владимир Путин бо судури як фармон аз вазифа озод намудаст, хабар медиҳад сомонаи "Коммерсант".

Бар хабари манбаъ, Владимир Путин  рӯзи 7-уми сентябр фармони № 425-ро ба имзо расонд, ки тибқи он сардорони Сарраёсати тафтишотии Русия оид ба Қрим, генерал-лейтенанти адлия Михаил Назаров ва генерал-лейтенанти адлия Сергей Дубровин дар Доғистон аз курсиҳои ишғолкардаи худ  озод карда шуданд.

Путин гуфт, чанд фарзанд дар оила дуруст аст - видео

Гузашта аз ин бо фармони Путин,  Туғай Туғаев муовини аввали сардори Раёсати тафтишоти Доғистон низ аз вазифа барканор шуд.

Дар баробари ин, раисҷумҳури Русия кадрҳои навро низ таъин намуд. Путин Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 Денис Поповро ба вазифаи додситони шаҳри Маскав таъин кард. Ҳамзамон мушовири калони адлия Алексей Ежовро дар мақоми роҳбари идораи назоратӣ дар Доғистон баргузид.

Зимнан сардори Сарраёсати тафтишотии Русия дар Ҷумҳурии Карачаева- Черкесский полковники адлия Николай Щепкин интихоб шуд.

Путин ба худаш ду яхмос ва ба Эрдуғон як яхмос харид - навор

Роҳбари Вазорати умури дохилаи Қрим бо фармони раисҷумҳури Русия, генерал - майори милитсияи  Павел Каранда таъин гардид.

Ба ҳайси роҳбари Идораи мубориза алайҳи маводи мухаддир дар шаҳри Маскав бошад, генерал - майори милитсия Андрей Янишевский интихоб гардид.

3477
Барчаспҳо:
Владимир Путин, тағйироти кадрӣ, Русия