Хабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье

Нурмуҳаммадов сирри пирӯзӣ бар Пуареро ифшо кард - видео

1193
(Таҷдидшуда 13:32 13.09.2019)
Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, размикори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки Пуаре чандин баробар аз Макгрегор боқувваттар аст

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи нақшаи мағлуб кардани Пуаре нақл кард ва қувваи бозуи Дастинро бо Макгрегор муқоиса намуд.

"Пуаре, ҷисман боқувват аст. Интизор набудам, ки ӯ чунин лағжонак аст. Ман ба гилотини ӯ дар охири рақобат, омода будам, вале ӯ хеле мустаҳкам буд. Пеш аз рақобат мехостам, ки ӯ бо дасти росташ ин усулро истифода кунад. Ман ба ӯ гардан медодам, то энергияяш сарф шавад. Дар охир гарданро додам, вале ӯ чунон мустаҳкам қапид, ки ман кам-кам ба ҷунбуҷул даромадам. Ӯ бисёр рақиби пурқувват аст. Аз Макгрегор боқувваттар", - гуфт Ҳабиб.

Фергюсон ташнаи "хун"- и Нурмуҳаммадов: Тони замони рақобатро гуфт

Ёдрас мешавем, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 8 сентбяр дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дастболо шуд.

Рақиби навбатии Ҳабиб кист?

То рақобати Ҳабиб ва Дастин дар Абу-Дабӣ, президенти UFC борҳо гуфта буд, ки Тони Фергюсон бо ғолиби ин рақобат ба майдон хоҳад баромад.

Фергюсон ташнаи "хун"- и Нурмуҳаммадов: Тони замони рақобатро гуфт

Тони Фергюсон аз рақибони қадимии Ҳабиб мебошад. Онҳо аллакай чор маротиба кӯшиши рақобат дар октагонро доштанд, вале вохӯриашон бо сабабҳои гуногун баргузор нашуд. Бори охир рақобати миёни Тони ва Ҳабиб ба далели захми варзишкори амрикоӣ, баргузор нашуд.

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Фергюсон 12 бор пайи ҳам пирӯз шудааст. Ин варзишкори амрикоӣ ҳамагӣ 25 бор ба октагон баромада ва танҳо се маротиба мағлуб шудааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор ба майдони разм баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

1193
Барчаспҳо:
ММА, варзиш, Макгрегор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҳабиб рекорди нав гузошт: шумораи ҳамвандонаш ба 16,4 миллион нафар баробар шуд
Тақдими ҷомаи зардӯзӣ ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов - видео
Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео
Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард
Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт
Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре
Акси Ҳабиб бо парчами Тоҷикистон: мухлисони тоҷик ба пирӯзии ӯ бовар доранд
Военные РФ в Сирии, архивное фото

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

396
(Таҷдидшуда 19:33 07.08.2020)
Агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд. Амрикоиҳо иқрор шуданд, ки бо дахолати Маскав, Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" ба артиши Сурия даст дод, ки қисмати бештари кишварро аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бозпас гиранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik, Андрей Котc. Хадамоти пажӯҳишии конгресс дар гузориши 49-варақаи худ таҳти унвони "Низоъи мусаллаҳона дар Сурия ва вокуниши ИМА" ба хулоса омадааст, ки агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд.

Таҳлилгарони низомӣ чӣ мегӯянд ва чӣ пешбинӣ мекунанд - ҷавоби суолро аз ин мавод дарёфт хоҳед кард.

Тақсимоти қувва

Дар ин гузориш харитаи Сурия нишон дода шудааст. Қисмати марказӣ, шарқӣ ва ҷанубии кишварро ҳукумати Башор Асад бар истиснои минтақае дар марз бо Иордания - Ат-Танф, ки он ҷо пойгоҳи низомии ИМА қарор дорад, назорат мекунад. Идлиб дар қисмати шарқу ғарби кишвар таҳти идораи гурӯҳҳои эстремистӣ ва Туркия қарор дорад. Минтақае дар шимолу шарқи Ифрот - тақрибан се дарсади Сурия дар дасти курдҳо ҳаст.

Ин ҷо таҳлилгарон каме дурӯғ мегӯянд, чун далелан ин манотиқро Вашингтон назорат мекунад. Тибқи гузориш амрикоиҳо инҷо онқадар бисёр нестанд - наздики 600 найза. Вале онҳо манотиқи асосии нафтдори кишварро аз худ кардаанд. Дар баробари ин дар шимоли Сурия садҳо низомиёни созмонҳои хусусӣ фаъол ҳастанд. Дар ин ҳуҷҷат омада, ки ҳукумати расмии ин давлат ҳузури Амрикоро дар хокаш ғайриқонунӣ мешуморад.

Вале дар Вашингтон мегӯянд, манбаъҳои истихроҷи нафтро бояд аз террористон муҳофизат кард.

Муаллифони гузориш пинҳон намедоранд, ки гоҳ-гоҳ бо низомиёни Асад ҷанҷол мешавад. Ҳамин тавр онҳо мегӯянд, моҳи феврал низомиён дар минтақаи Камишли Қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро тир заданд. Касе осеб надид. Дар баробари ин мухолифати миёни низомиёни Русия ва Амрико низ дар шимолу-шарқи кишвар бештар шудааст.

Дар интернет аллакай наворҳои зиёде нашр шудааст, ки дар он мошинҳои ИМА роҳи худравҳои пулиси Русияро банд мекунад. Хушбахтона то ҳол ба тирпарронӣ нарасидааст.

Русия намеравад

Дар умум амрикоиҳо иқрор шудаанд, ки ҳуҷуми ҳавоии исроилиҳо ба обектҳои Эрон ва таҳримҳои зидди Русия, нагузошт, ки Маскав ва Теҳрон аз дастгирии Башор Асад даст кашанд.

"ИМА хоҳиш ва имконоти Русияро барои густариши таъсири худ дар Ховари Миёна нодида гирифтанд, - навиштаанд таҳлилгарон. Дар баробари ин бояд дарк кард, ки Маскав то чӣ андоза барои дастгирии шарики худ омада аст".

Муттаасифона муаллифони гузориш мегӯянд, ҳоло зарба задан ба Дамаск душвортар шудааст. Хатти фронро аз пойтахти Сурия дар навбати аввал бо кӯмаки қувваҳои ҳавоии Русия ба ақиб партофтанд ва қисмати бузурги кишвар таҳти назорати низоми Асад шуд. Душманони сиёсии Башор Асад қариб ки бе ҳеҷ чиз монданд. Дар баробари ин курдҳо бо Димишқ наздиктар мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки минтақаи марказӣ ва шимолу шарқӣ зери назорати Димишқ бар хоҳад гашт.

Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамоно хатар дорад

Моҳи декабри соли 2018 Доналд Трамп дар бораи пирӯзӣ бар Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълом кард. Вале таҳлилгарон бар онанд, ки гурӯҳҳои мухолифин то ҳол нобуд нашудаанд. Шарикони ИМА нуқтаҳои қавии Давлати Исломиро дар Сурия соли 2019 аз худ карданд. Вале исломгароён низоми идоракуниро чӣ дар Сурия ва чӣ дар Ироқ нигоҳ доштанд. Яъне то ҳол қодиранд ҳамла кунанд.

"Дар дурнамо тақдири Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз имконоти мо барои созмони иттиҳодияҳои амниятӣ вобаст аст, ки нагузорад гурӯӯҳо боз қувваи худро такмил диҳад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Вале таҳдиди Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дурудароз аст. Мо дар оянда низ бояд курдҳоро дастгирӣ кунем, то онҳо бо тероризм мубориза баранд".

Таҳдиди дигар урдугоҳи маҳбусони низомӣ мебошад, ки феълан он ҷо наздики 10 ҳазор ҷанҷӯёни ДИ қарор доранд. Онҳо асосан дар шимоли кишвар ҷойгиранд ва аз ҷониби низомиёни курдӣ идора мешаванд. Дар баробари ин боз як урдӯгоҳи дигар барои аъзои хонаводаи эктремистҳо вуҷуд дорад. Дар бузургтарин урдугоҳ -Ал-Хол наздики 66 ҳазор занон ва кӯдакони террористон ба сар мебаранд. Ба гуфти таҳлилгарон ҷангҷӯён дар миёни ин қишр тағрибот мегузаронанд, то маҳбусонро дастгирӣ кунанд, вале ДИ қасди ҳуҷумро дорад, то тарафдоронашонро озод кунад.

Раҳбарияти курдҳо чандин бор дар бораи нарсидани қувва барои нигоҳдории маҳбусон изҳор дошт. Амрикоиҳо барои кумак шитоб надоранд - Вашингтон бар ин аст, ки давлатҳо шаҳрвандони худро барои идомаи ҷазо ба кишварҳои худ интиқол диҳанд. Вале касе намехоҳад "террорист" - ҳои худро бозгардонад ва барои анҷом надодани ин кор баҳонаҷӯӣ мекунад. 

Вилояти мушкилзо

Гармтарин нуқта ин вилояти Идлиб мебошад. Феълан он ҷо Сурия, Русия, Эрон ва Туркия фаъол ҳастанд. Қувваҳои ИМА он ҷо нест, вале амрикоиҳо чандин бор ба низомиёне, ки бо "Ал-Қоида"  ҳамроҳӣ доранд ҳуҷум кардаанд.

Ноҳияҳои шимолии Идлиб - ягона минтақаест, ки таҳти назорати қувваҳои мухолифин мебошад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Гурӯҳҳои маҳаллӣ - он дастаҳое, ки соли 2011 бар зидди Димишқ бархоста буд. Аз 5 март дар Идлиб сулҳе, ки президентҳои Русия ва Туркия карданд, ҳукмфармост. Низомиёни ин ду кишвар ҳамроҳ масири стратегии М4-ро идора мекунанд.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ба тирпарронии ҷангҷӯён нигоҳ накарда, ҳоло дар ин макон сулҳро нигоҳ дошта мешавад. Вале Туркия то ҳол интиқоли қувваҳои низомияшро ба ин макон хотима надодааст ва чанде пеш аз оғози амалиёти ҷангӣ эълон кард. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг дар Сурия ҳоло хотима наёфтааст.

396
Барчаспҳо:
террорист, Давлати Исломӣ, ИМА, Русия, Сурия
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

91
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

91
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

0
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

0
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут