Президент РФ В. Путин, архивное фото

Путин барои дидан аз тамрини ҳарбии "Марказ - 2019" озими размоишгоҳи Донгуз шуд

144
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои дидани марҳилаи фаъоли машқҳои стратегӣ ва ҳайати шахсии "Марказ-2019" ба размоишгоҳи Донгуз дар вилояти Оренбург ташриф овард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Интизор меравад. имрӯз раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар размоишгоҳи "Марказ - 2019" қарор дорад, бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Жээнбеков дидор ва мулоқот мекунад, хабар медиҳад, сомонаи РИА - Новости.

Ба иттилои сарчашма, раисҷумҳури Русия имрӯз тахминан соати 10:30 дақиқаи ба вақти Маскав ба размоишгоҳ ташриф овард.

Путин бо раисҷумҳури Қирғизистон дар Оренбург дидор мекунад

Бояд гуфт, ки размоишгоҳи Донгуз каме дуртар аз вилояти Оренбург ҷой гирифта, раисҷумҳурони ду давлат нахуст аз намоишгоҳи аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ дидан карда, сипас гуфтушунидҳои дуҷонибаро анҷом медиҳанд.

Размоиши стратегии “Марказ – 2019” ҳамчунин дар вилояти Оренбург аз 16 то 21-уми сентябр гузаронда мешавад.

Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок доранд.

Путин дар размоиши “Марказ – 2019” иштирок мекунад

Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.

144
Барчаспҳо:
тамрини ҳарбӣ, размоишгоҳ, Русия

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

153
(Таҷдидшуда 18:03 10.08.2020)
Эҳтимол, дар тирамоҳ ҷараёни беморӣ дар одамоне, ки қаблан ба коронавирус сироят нашуда буданд, назар ба онҳое, ки дар баҳору тобистон бемор буданд, шадидтар хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Академики Академияи Илмҳои Русия, Директори Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология ва Микробиологияи Пастер, Саримунологи Санкт Петербург Арег Тотолян пешнгӯӣ кардааст, ки COVID-19 дар тирамоҳ нисбат ба баҳор мушкилтар хоҳад шуд, хабар медиҳад “Известия”.

Ба гуфтаи вай, тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна одамоне, ки ҳанӯз бемор нашудаанд, дар тирамоҳ сирояти коронавирусро аз сар мегузаронанд. Шояд бемории онҳо назар ба онҳое, ки дар баҳор ва тобистон сироят ёфтаанд, шадидтар хоҳад буд.

"Ман метарсам, ки дар тирамоҳ нисбат ба баҳор ба раванди шадидтари COVID-19 дучор шавем ва мо бояд ба он аз ҷиҳати психологӣ омода бошем”,- гуфт Тотолян.

Ба гуфтаи коршинос, инчунин маълум нест, ки омезиши тирамоҳи SARS-CoV-2, ки онро бисёр коршиносон пешгӯӣ кардаанд, чӣ гуна хоҳад буд.

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

Сардори Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дод, ки дар ин мавсими эпидемиологӣ гардиши навъҳо зуком дар назар дошта мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пешин мушоҳида мешавад. Русиягиҳо ҳанӯз бар зидди онҳо эм карда нашудаанд.

153

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

194
(Таҷдидшуда 15:03 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

194

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

171
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

171
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон