Ҷанҷол дар UFC : мухлисон размикори амрикоиро шишашапак карданд - видеоҳо

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкВид на арену стадиона
Вид на арену стадиона  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 20-сонияи рақобат, ангушти варзишкори амрикоӣ ба чашvи рақибаш афтод. Пас аз ин пизишкон рақобатро манъ карданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Рақобати асосии UFC Fight Night 159 дар Мехико миёни размикорони мексикоӣ Яир Родригес ва варзишкори амрикоӣ Ҷереми Стивенс бо ҷанҷол анҷом ёфт.

Дар 20-сонияи рақобат, ангушти варзишкори амрикоӣ ба чашми Стивенс афтод. Пас аз ин варзишкор чанд лаҳза кӯшиш кард ба худ ояд вале пизишкон рақобатро манъ карданд.

Ҳаводорон пас аз ин ҳодиса, ба сӯи варзишкори амрикоӣ, шишаи обу ҷав ва ҳаргуна хӯришҳо ҳаво доданд.

Барои баромадан аз толори муҳориба Стивенсро посбонон кӯмак карданд.

Пасон, ровии барнома эълон кард, ки UFC Fight Night 159 беэътибор дониста шуд ва Родригес дар назди мухлисон узрхоҳӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0