Малыш в кроватке, архивное фото

Дар Ҳиндустон кӯдаке бо чор пой ва се даст таваллуд шуд

440
Пизишкон пешгӯӣ кардаанд, ки пас аз ҷароҳии вижа кӯдак метавонад чун дигар кӯдакон бо ду даст ва ду пой ба сар барад

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ҳиндустон кӯдаке бо чор пой ва се даст таваллуд шудааст, хабар медиҳад нашриёти Daily Mail.

Ҳамроҳи ӯ бародараш дугоники солим ба дунё омадааст.

Мӯъҷиза: дар Қазоқистон зане дар ду моҳ ду фарзанд таваллуд кард

Пизишкон пешгӯӣ мекунанд, ки зани ҳомила се фарзанд доштааст, вале ду кӯдак ба ҳамдигар часпидаанд. 

Муайян шудааст, ки зан дар давраи ҳомиладорӣ боре ҳам УЗИ накардааст, аз ин рӯ касе аз нуқсонҳои кӯдаки дар батнбуда, хабар надоштааст.

Худованд фарзандро бо ризқаш медиҳад: модари серфарзанд 80 тифлро тарбия кард (НАВОР)

Чуноне манбаъ хабар медиҳад, духтараки чорпойро ҷарроҳӣ карда табобат мекунанд.

Зане тоҷик чоргоник ба дунё овард

Пизишкон мегӯянд, пас аз ҷарроҳӣ ва буридани пойҳои зиёдатӣ духтарча метавонад чун дигар кӯдакон зиндагӣ кунад.

440
Барчаспҳо:
даста, Ҷаҳон, Ҳиндустон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: Эрон ба ғайр аз ду кишвар бо ҳамсоягони худ равобити хуб дорад

50
(Таҷдидшуда 17:55 08.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат равобити Теҳрон бо кишварҳои ҳамсояро хуб арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат, таъкид доштааст, ки кишвараш таомули бисёр хубе бо кишварҳои ҳамсоя дорад, албатта ба ғайр аз ду кишваре, ки худашон намехоҳанд бо Теҳрон робита дошта бошанд.

Ба нақл аз хабаргузории "Парстудей", Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ишора ба зарфиятҳои бандари Чобаҳор, афзуд, зарфияти бандари Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар аз 2.5 миллион тон ба 8.5 миллион тон расида, ки ин иқдом таҳаввуле бузург барои хатти транзитии ҷануб ва шимол аст.

Раисҷумҳури Эрон эҳдоси роҳи оҳани Ҷануб - Шимолро як тарҳи миллӣ ва байналмилалӣ донист ва изҳор дошт. Ин хатти роҳи оҳан аз уқёнуси Ҳинд дар Чобаҳор шуруъ мешавад ва ба ҳамаи хутути роҳи оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Чин, Русия ва Аврупо муттасил мешавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои кишварҳои ғарб нисбати Эрон афзуд, мардум ва масъулони Эрон даст дар дасти ҳам тавтеаҳои душманонро хунсо мекунанд.

50
Барчаспҳо:
ҷаласа, рӯҳонӣ, ҳамсоя, ҳамсоядорӣ, равобит, Раисҷумҳур, Эрон
Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана

Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд - акс

42
(Таҷдидшуда 16:45 08.07.2020)
Вазъ дар гузаргоҳи Қазоқистон "Жибек жоли" то рафт муташанниҷтар мешавад, шумораи муҳоҷироне, ки тариқи кишвар мехоҳанд ба ватан баргарданд, бештар мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Расонаҳои Қазоқистон гузориш медиҳанд, ки шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар марзи Қазоқистон, наздики гузаргоҳи "Жибек жоли" то рафт зиёд мешвад ва феълан ба 3 ҳазор нафар расидааст.

Намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфтааннд, ки барои муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  мувофиқи қудраташон кӯмак мерасонанд, аммо то рафт ҳамаи онҳоро бо маводи ниёзи аввал таъмин кардан, мушкилтар мешавад.

Барои тоҷикистониён ва ӯзбекистониҳо хаймаву хӯрока ва оби ошомиданӣ муҳайё карда мешавад, аммо бо далели то рафт бисёр шудани  муҳоҷирон, ин кӯмак ба ҳама намерасад.

Дар Инстаграм аксҳое нашр шудаанд, ки гуфта мешавад, муҳоҷирони мазкур дар замин хоб мекунанд.

"Ҷанҷолҳои оммавӣ сар мезананд. Марзбонон аллакай бо автомат меистанд. Марзро ҳамагӣ барои чанд соат боз мекунанд ва одамон девонавор кӯшиш мекунанд, ки гузаранд. Об ва маҳсулотро аз мағозае мехаранд, ки наздик аст, аммо се баробар гаронтар фурӯхта мешавад", - навиштааст муаллифи акс."

Вазъ бо далели баста будани марз ва надоштани имконияти техникӣ барои аз ташхиси коронавирус гузаронидани ҳамаи ҳозирон мушкилтар мешавад.

Тоҷикистон шаҳрвандонашро ба воситаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ба ватан бармегардонад, аммо ин танҳо пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ муяссар мешавад.

Вазорати умури хориҷи Тоҷикистон аз ҳамватанон даъват меорад, ки дар марзҳо ҷамъ нашаванд: ба мақомотҳои давлатӣ овардани онҳо ба воситаи парвозҳои махсус осонтар даст медиҳад, то онҳоеро, ки дар марзҳо ҷамъ мешаванд. 

42
Похороны человека умершего от заражения вирусом, архивное фото

Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

126
(Таҷдидшуда 18:38 08.07.2020)
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон омори нави сироятёбӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бар пояи омори нав, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 8 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6364 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5011 (78,7%) нафар беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ҳакимов: ҷорӣ кардани ҷарима барои напӯшидани ниқоби тиббӣ, мантиқан нодуруст аст

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Дар баробари ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

126
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, омор, Тоҷикистон